ЭМОМАЛИ РАХМОН АЗ САФИРИ ОЛМОН ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ КАРД

Октябрь 17, 2008 14:41

                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Тоҷикистон Дорис Гертрампф эътимоднома қабул намуд.               Дар сӯҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хонум Дорис Гертрампф, ки баъди қабули эътимоднома сурат гирифт, масоили густариши ҳамкории Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуд.              Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла, таъкид дошт: — «Олмон шарики боэътимод ва деринаи мо дар қитъаи Аврупо аст ва муносибатҳо бо он аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад».              Аз пайвастагии робитаҳои сиёсии ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ низ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.             Робитаҳои иқтисодие, ки дар сатҳи вазорату идораҳо ва доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Олмон имрӯз густариш пайдо мекунанд, бояд мавриди дастгирӣ ва ҳавасмандкунӣ қарор гирад, таъкид гардид дар сӯҳбат.            Иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии кишвари мо, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, таҳкими ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон, ҳамгироӣ дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар маънидод гардид.             Ба гуфти Дорис Гертрампф Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои 2008 ва 2009 36 миллион евро ҷудо намудааст ва ҳамчунин омода аст, ки дар татбиқи баъзе аз лоиҳаҳои энергетикӣ саҳмгузор бошад.             Дар мулоқот ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистон, рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

Октябрь 17, 2008 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар