ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ СЕТАРАФА МАВРИДИ БАРРАСӢ ҚАРОР ГИРИФТ

Октябрь 21, 2008 17:07

               Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 21 октябри соли ҷори таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳамоҳангсози Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар ҶТ Руқия Қурбонова, ҷаласаи навбатии Комиссияи мазкур, ки шумораи баробари намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияҳои корфармоёни ҶТ ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҶТ дар бар мегирад, доир гардид.               Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷаласа ҷараёни иҷроиши Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои корфармоёни ҶТ ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои солҳои 2006-2008 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷониби Ҳукумати ҶТ, вазири Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, раиси он Муродалӣ Солеҳов ва аз ҷониби Иттиҳодияҳои корфармоёни ҶТ Азизбек Шарипов роҷеъ ба ҷараёни татбиқи Созишнома гузориш доданд.                Дар гузоришҳо зикр гардид, ки дар доираи Созишномаи мазкур лоиҳаи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо ба густариши минбаъдаи усули шартномавии танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ мусоидат хоҳад кард.              Ҳамчунин қайд гардид, ки мутобиқи муқаррароти Созишномаи генералии мазкур бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаҳои музди меҳнат ва нафақаҳо якчанд маротиба таҷдиди назар шуда, ба маротиба афзоиш ёфтанд.              Созишномаи генералӣ сатҳи олии ҳамкории байни давлат, корфармоён ва кормандон дар шахси намояндагони онҳо, иттифоқҳои касаба буда, тарзи шартномавии танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ё ин ки трипартизмро ифода мекунад ва яке аз воситаҳои таъмини субоит иҷтимоӣ дар шароити бозори озад мебошад. Ин гуна тарзи ҳамкорӣ ба ҳалли бисёр проблемаҳои иҷтимоӣ, аз қабили пардохти музди меҳнат, таъсиси ҷойҳои кори нав ва таъмини кафолатҳои меҳнатию иҷтимоии кормандони кироя мусоидат мекунад.              Дар ҷаласа ҳамчунин дигар масъалаҳои меҳнатию иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Пешниҳод гардид, ки то охири соли ҷорӣ лоиҳаи Созишномаи генералии байни Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияҳои корфармоёни ҶТ ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҶТ барои солҳои 2009-2011 таҳия ва тасдиқ карда шавад.

Октябрь 21, 2008 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд