ГАРДИШИ САВДОИ ХОРИҶӢ
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар». Лаззат Диловарзод).- Дар моҳи январ –августи соли 2008 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷоя бо қувваи барқ ва гази табии – 3193,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи январ- августи соли 2007- 25,5 фоиз ё 648,8 млн. доллар зиёд аст. Тарзи савдо манфӣ буда, -1099,7 млн. долларро ташкил кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 91 мамолик, аз он ҷумла бо 11 мамолики Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва бо 80 мамолики хориҷи дур муносибати савдоӣ дорад. Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 43,0 фоиз ё 1819,5 млн. доллар рост меояд. Касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ- 1082,4 млн. доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур- 17,3 млн. долларро ташкил кардааст, иброз доштанд дар Кумитаи давлатии омор ба мухбири АМИТ «Ховар».








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






