ГУФТУГӮИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ИЛҲОМ АЛИЕВ
17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод, ки ҳангоми сӯҳбат раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҳамтои озарбойҷонии худро ба муносибати дубора интихоб шуданаш ба мансаби олии раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон аз самими дил табрик намуд. Роҳбарони ҳар ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар, оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба табодули назар намуданд. Ҳангоми сӯҳбати телефонӣ таваҷҷӯҳи хоса ба масъалаҳои вобаста ба созишномаи ҳамкориҳо, ки соли гузашта дар рафти сафари расмии роҳбарони ҳар ду кишвар, дар шаҳрҳои Душанбе ва Боку имзо шуда буданд, зоҳир карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев дар рафти сӯҳбат оид ба густариши робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, ки ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар мебошад, бори дигар изҳори ҷонибдорӣ намуданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






