ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИИ ОЛИМОНИ ИДМ
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Олег Соболев).- Дар шаҳри Бишкек машварати роҳбарони Академияҳои илмии мамлакатҳои ИДМ ва муассисаҳои давлатии илмию техникӣ баргузор гардид. Аз Тоҷикистон дар ин машварат муовини раиси Академияи илмҳо, академик Хуршед Каримов ширкат варзид. Вай баъди бозгашт ба Душанбе зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки ҳадафи машварат таҳияи пешниҳодҳо барои густариши ҳамкории мамлакатҳои ИДМ дар соҳаи илм буд. Иштирокчиёни машварат масъалаҳоеро баррасӣ намуданд, ки барои ташкили фазои воҳиди илмию техникӣ дар қаламрави ИДМ аҳамияти калон доранд. Пешниҳоди Академияи илмҳои Қирғизистон дар бобати ташкили Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илм дастгирӣ карда шуд. Ҳамчунин пешниҳоди Русия дар бораи қабули барномаи стратегии рушди технологияи зарравӣ ва таъсиси Маркази байналхалқии технологияҳои нави замонавӣ ва зарравии мамлакатҳои ИДМ дар заминаи Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии Дубна маъқул дониста шуд. Мувофиқи пешниҳоди иштирокчиёни машварат дар қаламрави ИДМ якчанд маркази тадқиқоти илмии байналмилалӣ ташкил карда мешавад. Яке аз онҳо Маркази байналмилалии тадқиқоти илмии «Помир — Чақалтой» — и Тоҷикистон мебошад. Бояд гуфт, ки Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия дар бораи ташкили ин марказ моҳи августи соли равон зимни сафари Президенти Русия Д.Медведев ба Душанбе созишнома имзо карда буданд. Лоиҳаи ҳуҷҷатҳои дахлдор мувофиқи тартиботи муқарраршуда ба муҳокимаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо фиристода мешаванд. Олимон зарурати рушди ҳамкории Академияҳои илмии мамлакатҳои Иттиҳодро дар самтҳои гуногуни илм таъкид намуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






