ГУЗОРИШИ МУФАССАЛ АЗ САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОҲИЯҲОИ ВОДИИ РАШТ
Сафари серӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт бо натиҷаҳои басо пурарзиш баҳри таъмини рушду нумӯи минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии ин минтақа ва возеҳ аён гаштани меҳру муҳаббати беандозаи мардум ба Сарвару раҳнамои давлатамон рӯзи 4 октябр ба поён расид. Бояд таъкид кард, ки эҳтиёҷоти аҳолии деҳот, пеш аз ҳама деҳоти кӯҳистон пайваста зери назар ва ғамхории Сарвати давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин кор, хусусан дар шароити солҳои охир, ки болоравии нархи сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ дар бозори ҷаҳонӣ таъсири худро ба рӯзгори ҳар як сокини кишвари мо низ расонидааст, аҳамияти хосса касб мекунад. Дар фурӯдгоҳи ноҳияи Рашт Сарвару раҳнамои давлат Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва намояндагони аҳли ҷамоаи ноҳия бо эҳтирому самимият ва шукргузории хоса истиқбол гирифтанд.Дар хоҷагии деҳқонии Манзар Шарифи ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пирони рӯзгордидаи деҳа бо дуою фотиҳаи нек ба замин нахустин донаҳои умедро кошта, ба кишти тирамоҳии гандум дар ин хоҷагӣ оғози расмӣ бахшиданд. Шиносоӣ бо рафти сохтмони бинои филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ дар ноҳияи Рашт яке аз ҳадафҳои муҳими боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ин ноҳия буд, зеро ба кор даромадани он дар бартараф намудани норасоии омӯзгорон дар ин минтақа аҳамияти калон дорад.Ин яке аз мушкилоти асосӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, хусусан дар деҳоти кӯҳистон ба шумор меравад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ барои бо суръату сифати баланд анҷом додани сохтмон ва таҷҳизонидани бинои таълимӣ ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки ин иншоот то моҳи сентябри соли оянда, яъне як сол пеш аз мӯҳлат ба истифода дода шавад.Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 1 – и ҷамоати деҳоти Ғарм гувоҳи ғамхории пайвастаи роҳбари давлат ба таълиму тарбияи дурусти насли наврас мебошад. Зимни сӯҳбатҳо дар мактаб зикр гардид, ки имсол аз 55 дастпарвари он 24 нафар ба мактабҳои олии кишвар дохил шуд, яъне қариб 50 дар сади хатмкунандагонаш.Дар ҷараёни сӯҳбатҳои фораму дилнишин бо хонандагони мактаб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ширинзабонии хурдсолон ҳаловат бурда, ҳамаи муҳассилинро ба хониши хубу аъло ва аз бар кардани илмҳои замона ҳидоят намуд ва ба омӯзгорони мактаб барои таъмини савияи хуби дониши муҳассилин арзи сипос кард.Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шӯъбаи минтақавии бемориҳои дили бемористони марказии ноҳияи Рашт расман ба истифода дода шуд. Зимни шиносоӣ маълум шуд, ки ин бино дар муддати кӯтоҳ бо дастгирии молиявии Сарвари давлат сохта ва бо техникаю таҷҳизоти нави ташхис ва муоинаю муолиҷаи бемориҳои дил таъмин карда шудааст. Дар хоҷагии деҳқонии «Наимӣ» — и ҷамоати деҳоти Навдеҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди ҳосили фаровони картошка шуд. Деҳқонони хоҷагӣ ният доранд, ки аз ҳар гектар 420 сентнерӣ ҳосил гиранд.Дар чойхонаи «Болои об» — и маркази ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди намояндагони аҳли ҷамоа ва собиқадорони ҷангу меҳнат, ки имрӯз ҳам сарфи назар аз пирию барҷомондагӣ дар таълиму тарбияи насли наврас нақши намоён мегузоранд, сӯҳбати гуворою дилнишин орост.Байни онҳо роҷеъ ба мавзӯъҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, ҷараёни татбиқи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Сарвари давлат барои истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корам ва рӯёнидани ҳосили фаровони зироат, танзими анъана ва расму оинҳои серхароҷот, инчунин дар бораи натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню – Йорки ИМА, ки баҳри болобарии нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим гузошт, сӯҳбатҳои ҷолибу хотирмон сурат гирифт.Бегоҳии ҳамон рӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳазорон нафар намояндагони аҳли ҷамоаи ноҳия баргузор гашт. Ба дидори Сарвари давлат дар инҷо беш аз 7 ҳазор кас аз марказ ва деҳоти дурдасти ноҳия ҷамъ омада буд. Шумораи зиёди касоне, ки дар варзишгоҳ барояшон ҷой нарасид, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз мониторҳои дар атрофи варзишгоҳ гузошташуда тамошо карданд.Дар охири суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ноҳияи Рашт мужда расонд, ки имрӯз ба онҳо ба муносибати иди саиди Фитр 8 трактори МТЗ — 82 бо 8 испор, 9 автобуси мусофирбар, 6 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ва 70 компютер барои мактабҳо тӯҳфа карда мешавад. Таъкид гардид, ки ҳамаи он аз ҳисоби Фонди ҷмъиятии хайрияи Тоҷикистон харидор шудаанд. Хотиррасон бояд кард, ки муассиси Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.Субҳи рӯзи 3-юми октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рашт ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф овард. Истиқболи басо самимӣ ва меҳру муҳаббати зоҳирнамудаи мардум аз ҷониби худи онҳо чун шукргузорию қадрдонӣ ба сиёсати сулҳофарӣ, ободонию созандагӣ ва мардумпарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маънидод мегардад. Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Тоҷикобод дар ҷамоати деҳоти Нӯшор бо иштирок дар маросими тантанавии шурӯъи корҳои марҳилаи сеюми азнавсозии роҳи Душанбе – Нуробод – Рашт – Ҷиргатол – Саритош оғоз ёфт.Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар чаҳорчӯби татбиқи ин лоиҳаи инвеститсионӣ бо харҷи 490 миллион сомонӣ азнавсозии 265 км роҳи байналмилалии Душанбе – Саритош, 137 км роҳҳои маҳаллӣ, сохтмони 19 пули нав ва таҷдиди 20 пули мавҷуда анҷом дода мешавад. Айни ҳол марҳилаи якуми он пурра анҷом ёфта, марҳилаи дуюмаш дар масофаи то ноҳияи Тоҷикобод бо суръат ва сифати баланд идома дорад.Дар марҳилаи сеюми он дар ҳудуди ноҳияҳои Тоҷикободу Ҷиргатол бо харҷи 262 миллион сомонӣ азнавсозии 114 км роҳ, 9 пули мавҷуда ва сохтмони 3 пули нав дар нақша аст. Дар давраи татбиқи марҳилаи сеюми ин лоиҳа 500 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд, ки 200 нафарашон аз аҳолии маҳалӣ аст. Дар марҳилаи дуюми он айни ҳол 270 нафар машғули кор мебошанд, ки 100 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.Зимни боздид аз заминҳои картошка дар қитъаи замини навъсанҷии Академияаи кишоварзии Тоҷикистон зикр гардид, ки имсол дар ноҳия бояд 27-28 ҳазор тонна ҳосил ба даст ояд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар заминҳои водии Рашт ҳосили картошка бояд аз 400 сентнерӣ аз гектар кам набошад. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод якҷоя солҳои пеш ҳеҷ гоҳ аз 33 ҳазор тонна картошка зиёд истеҳсол нашуда буд. Имсол деҳқонони ду ноҳияи мазкур умед доранд, ки 62-63 ҳазор тонна картошка ба даст оранд. Умуман ҳосили фаровони картошка ва мева, аз ҷумла себу нок зардолу ва чормағз боиси хушҳоливу қаноатмандии мардум гаштааст. Дар намоишгоҳи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ анвои гуногуни меваю сабзавот, себ, нок, чормағз, картошка, пиёз, сабзӣ, аз ҷумла навъҳои селексионии олимони тоҷик, ки ҳосилнокии баланд доранд, ба маъраз гузошта шуда буданд.Бо қаноатмадӣ зикр гардид, ки солҳои охир бо маслиҳату ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои водии Рашт шумораи занбӯрпарварон ва истеҳсоли асал хеле афзудааст. Зимни шиносоӣ бо маҳсули меҳнати кишоварзони ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди минбаъдаи боғдорию ниҳолпарварӣ, картошкапарварӣ, парвариши занбӯри асал, чорводорӣ ва ғайра ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Тоҷикобод мулоқотҳои судбахш бо намояндагони сершумори аҳли ҷамоаи он доир намуда, сӯҳбатҳои озоду самимӣ орост. Ба муносибати иди саиди Фитр ба мардуми ноҳияи Тоҷикобод аз ҳисоби Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон бо қарори Муассиси он Эмомалӣ Раҳмон 5 трактори МТЗ – 80 бо 5 испор, 8 автобуси мусофирбар, 5 мошини ёрии таъҷилӣ ва 65 компютеру 11 принтер барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ тӯҳфа карда шуд.Дар маркази ноҳияи Тоҷикобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросимҳои тантанавии ба истифода супурдани бинои нави шӯъбаи ноҳиявии «Тоҷиксуғурта» ва бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуд ва аз Маркази навбунёди фарҳангии ҷавонон дидан кард.Дар назди ин марказ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 7 ҷуфти оилаҳои ҷавон, ки дар арафаи ин ташриф хонадор шудаанд, яктогӣ телевизор тӯҳфа намуд.Дар толори бозиҳои варзишии Маркази ҷавонон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгардухтари ҷавоне шашкабозӣ кард, ки дар хотири ӯ ва дӯстонаш нақши доимии гуворо мегузорад. Нимаи дуюми рӯз сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷиргатол идома ёфт. Дар шаҳраки Ваҳдат, ки маркази ноҳияи Ҷиргатол аст, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бозори «Баракат», як маркази савдо ва бинои маъмурии нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия расман ба истифода супурда шуд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қисми ҳарбии сарҳадбонии дар ноҳияи Ҷиргатол воқеъгашта, ташриф оварда, ба ҳайати шахсии он дар фазои тантанавӣ парчами ҳарбӣ тақдим намуд. Таъкид гардид, ки имрӯз бори нахуст ва нахустин парчами ҳарбӣ ба қисми ҳарбии сарҳадбонӣ супорида шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин баҳри боз ҳам беҳтар намудани таъминоти моддии сарбозон ва ғамхорӣ ба муҳофизони Ватан супоришҳои мушаххас дода, ҳайати шахсии қисми ҳарбиро ба баланд бардоштани омодагӣ ва хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуд.Дар маркази ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, баҳри таъмини рушди бонизоми тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия, аз ҷумла, зиёд кардани саршумори қутос ва дигар намудҳои чорво, ривоҷ додани корҳои тухмипарварӣ, зиёд намудани майдони кишти картошка аз ҳисоби заминҳои нави обёришуда, идома додани шодобнамоии заминҳои ташналаб ва афзоиш додани ҳаҷми қарздиҳии хурд ба соҳибкорони деҳот дастуру супоришҳои қатъӣ дод.Дар намоишгоҳ ду кадуи бузургҳаҷм ба назар расид, ки вазнашон аз 60 кг зиёд буд. Деҳқони пиронсоле, ки онро рӯёндааст, вазни як кадуро ба 95 кг расонда, аз рекорди Гинниес гузаштанӣ аст. Ба гуфти ӯ калонтарин каду дар китоби Гиннес бо вазни 92 кг ба қайд гирифта шудааст. Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо мардуми сершумори он мулоқоту сӯҳбатҳои дилнишин анҷом дод. Ба мардуми ноҳия аз ҳисоби Фонди ҷамъиятии Хайрияи Тоҷикистон, ки муассисаш Эмомалӣ Раҳмон аст, 8 трактор бо 8 испор, 9 автобуси мусофирбар, 5 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ва 90 компютер барои мактабҳо тӯҳфа карда шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин мужда росонд, ки аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони беморхонаи нави марказии ноҳияи Ҷиргатол ва таъмири роҳҳои шаҳраки Ваҳдат дар соли равон 1 миллион сомонӣ ва дар соли оянда 1,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.Мулоқоти Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми ноҳияи Ҷиргатол бо консерти бошукӯҳи устодони санъат ба поён расид.Субҳи барвақти рӯзи 4 октябр Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон нахут ба мавзеи Қарамиқи ноҳияи Ҷиргатол, ки дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон аст, ташриф овард. Дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти азнавсозии қатъаи 8 километраи роҳи Душанбе-Саритош, ки мавзеи аз ҳама вазнину мушкилгузари он ба шумор меравад, шинос шуд.Зимни шиносоӣ зиёд гардид, ки паҳнсозию тахту ҳамвор кардани роҳ ва сангфарш намудани он сарфи назар аз сардии сахти заминистони ин ҷо то моҳи апрели соли оянда ба итмом мерасад, зеро кор ба таври шаборӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки мумфаршсозию анҷоми пурраи он низ соли оянда таъмин карда шавад.Ба иттилои роҳсозон аз бориши барфи зиёд, лағжиши замин ва тармафароӣ дар ҳамин мавзеъ 3 булдозери бузургҳаҷми роҳсозӣ бақаъри дараи азим сарозер рафтаанд. Зимни боздид аз дидбонгоҳи сарҳадии хадамоти гумрук, зикр гардид, ки айни ҳол аз ин роҳ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳар рӯз 15-20 мошини хурду калон мегузарад. «Дар зимистон агар ағбаи Кулма баста шавад, аз ин ҷо дар як рӯз то 40-50 мошин убур мекунанд, асосан мошинҳои байни Чину Тоҷикистон рафтуокунанда», — иттилоъ доданд кормандони гумрук.Дар хоҷагии давлатии Қизилсуи ноҳияи Ҷиргатол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз заминҳои кишти картошка дидан карда, бо деҳқонон ва сокинони деҳоти атроф сӯҳбатҳои судманд анҷом дод. Картошкапарварон иттилоъ доданд, ки имсол аз сабаби нарасидани техника дар майдони 120 гектар картошка кишт карданд. Солҳои пеш дар 300 гектар кишт мекардаанд.Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки ба ин хоҷагӣ 4 трактори нав дода шавад ва ба картошкапарварони он дастур дод, ки соли оянда дар 500 гектар картошка кишт кунанд. «Бо амалӣ шудани ин супориш барои 700 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё мегардад», — таъкид намуд Сарвари Давлат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки дар давоми 5 соли оянда майдонҳои кишти картошкаро аз 2 ҳазор гектари имрӯза ба 4,5 ҳазор га ва истеҳсоли солонаи он дар ноҳия ба 100 ҳазор тонна расонда шавад.Деҳқонон ва мардуми хоҷагӣ аз ташрифи 5-уми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба диёри худ изҳори сарфарозӣ карда, қавл доданд, ки тамоми супоришу ҳидоятҳои ӯро дар амал татбиқ мекунанд, зеро ба андешаи онҳо имкону захираҳо барои ин мавҷуд аст. Аз ин ҷо Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Тавилдара ташриф оварда, нахуст оромгоҳи ҳазарати Бурхи Валиро зиёрат намуд. Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати хамроҳи ӯ дар сари манзили охирати ин азизи худованд баҳри ободию пешрафти Тоҷикистон ва таъмини зиндагии саодатманди мардуми он дуою фотиҳаи накӯ карданд.Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маркази ноҳия ташриф овард. Дар фурӯдгоҳ ҳангоми шеърхонии хонандаи синфи 2-юм Шарифбеки Муродалӣ иттилоъ доданд, ки 8 сол пеш — 15 сентябри соли 2000 Сарвари давлат бо ҳамин писарбача, ки ҳамагӣ 9-моҳа буд, расми хотиравӣ гирифта буд. Дар маркази ноҳияи Тавилдара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо роҳбарият ва аҳли ҷамоаи он вохӯрӣ намуда, баҳри истифодаи пурсамари заминҳои корам, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, васеъ намудани майдони кишти картошка ва бунёди боғҳо, вусъат додани парвариши занбӯри асал ва зиёд намудани саршумор ва хушзот кардани чорво ба масъулин дастуру супоришҳо дод.Аз ҷумла дастур дода шуд, ки соли оянда дар 100 га боғҳои нав бунёд карда шавад. Худи ҳамин сол шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 7,5 ҳазор ва истеҳсоли асал ба 366 тонна расонда шавад. Сарвари Давлат Эмомали Раҳмон таъкид намуд, ки дар солҳои наздик дар ноҳия боз 2,5 ҳазор гектар заминҳои нав аз худ карда шуда, имсол ва соли оянда барои тармими роҳҳои дохилии он 2,5 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо карда мешавад.Ба мардуми ноҳия аз ҳисоби Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон, ки муассисаи Эмомалӣ Раҳмон аст, 5 трактор бо 5 испор, 4 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, 6 автобуси мусофиркаш ва 30 компютер барои мактабҳо тӯҳфа карда шуд. Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ноҳия сӯҳбатҳои озоду ошкоро сурат гирифт, ки гувоҳӣ аз меҳру муҳаббати беандозаи онҳо ба роҳбару раҳнамои давлату миллати тоҷик аст.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии ноҳия дидан карда, эътимод пайдо намуд, ки аҳли заҳмати он сарфи назар аз оқибатҳои зимистони шадиди гузашта ва камборишии баҳори имсола аз аксари намудҳои зироат ва меваҷот ҳосили хуб ба даст овардаанд.Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии воқеъ дар ин ноҳия ташриф оварда, бо тарбиятгирандагони он сӯҳбатҳои падарона анҷом дод. Зикр гардид, ки аз 120 мактаббача 30 касашон падару модар надоранд, боқимонда аз якеи волидони худ маҳрум гашта ё аз оилаҳои камбизоат мебошанд. Барои 38 нафари кӯдакони ятиму бепарастор ва роҳдурӣ дар хобгоҳи навбунёди он шароити хуби зист ва дарстаёркунӣ омода гашааст. Хобгоҳи онҳо катҳои нарму форами хоб, ҳаммом, ҷойи дастурӯшӯйӣ, оби гарму хунук ва тамоми шароити муосири будубошро доро мебошад.Зикр гардид, ки ба тарбаятгарондагони он пайваста аз ҳисоби Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон ва дигар саховатмандон кӯмакҳои моддӣ расонда мешаванд. Дар маркази ноҳия бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави филиали БДА «Амонатбонк» дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуд. Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти он ва дигар бонкҳои саҳҳомии кишвар, аз ҷумла Ориёнбонк дастур дод, ки шумораи мизоҷони қарзгир ва ҳаҷми қарзҳои хурдро ба соҳибкорони деҳоти ин ноҳия зиёд намуда, ба рушду нумӯи иҷтимоию иқтисодии ин гӯшаи дурдасти кӯҳистон мусоидат намоянд.Сафари серӯзаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба гурӯҳи ноҳияҳои Рашт бо натиҷаҳои пурарзиш ва аён шудани меҳру муҳаббати беандозаи мардуми минтақа ба Сарвари Давлатамон ба поён расид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.