ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВМКБ

Октябрь 6, 2008 14:23

             Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ иҷлосияи 26 – уми вакилони халқи вилоят баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба вазъи паҳн гардидани маводи нашъадор дар ҳудуди вилоят ва пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор муҳокима шуданд. Сардори Раёсати назорати маводи нашъадори вилоят Муродҳусейн Алиёров дар ин бора маърӯза кард. Вай зикр намуд, ки дар давоми 2 солу 8 моҳи гузашта дар ҳудуди вилоят қариб 512 килограм маводи нашъадор, аз ҷумла 156 килограм героин мусодира карда шуд.        Дар ин муддат 18 қочокчии маводи нашъадор, аз ҷумла 7 шаҳрванди Афғонистон дастгир намуда, ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Ҳоло дар вилоят 757 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст. Ба ақидаи нотиқ, сабабҳои асосии зиёд шудани нашъамандон ва афзудани қочоқи маводи нашъадор ҳал нагардидани проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, хеле осон будани ба даст овардани маводи нашъадор, душвориҳои вобаста ба ҳифзи сарҳади давлатӣ ва самараи ночизи тадбирҳои пешгирикунандаи ташвиқу тарғиби ҳаёти солим дар байни ҷомеа мебошанд.        Вакилони мардумӣ пешниҳод намуданд, ки ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори оммавӣ ба таври доимӣ ва муташаккилона ба роҳ монда шавад. Ба роҳбарияти радиою телевизиони вилоят ва матбуоти маҳаллӣ супориш дода шуд, ки бахшида ба проблемаҳои нашъамандӣ мунтазам барномаҳо пахш намуда, хабару мақолаҳо чоп кунанд. Раёсати назорати маводи нашъадор вазифадор карда шуд, ки ҳамкориро бо мақомоти дигари ҳокимияти маҳаллӣ пурзӯр намояд.

Октябрь 6, 2008 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Ба кӯдакони Муассисаи томактабии хусусии «Оиша»-и ноҳияи Восеъ бо се забон таълим дода мешавад
Дар доираи татбиқи лоиҳаи «БРАМОМ-4» дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо панҷараҳои муҳофизатӣ сохта мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар 43 сардхонаи шаҳри Ҳисор беш аз 10 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда мешавад
Муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Суғд ба фасли зимистон омода мебошанд
Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои ИДМ оғоз гардид
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОМОР. Тавассути омори расмӣ равандҳои муҳими иҷтимоӣ таҳлилу баррасӣ карда мешаванд
Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо дар 83- солагӣ аз дунё даргузашт
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад