ИҶРОИ НАҚША ТАЪМИН ШУД
Душанбе, 3 октябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, ҷамъоварии зироатҳои ғалладона дар ноҳияҳои Тавилдара, Рашт ва Роғун ба охир расид. Дар ноҳияҳои боқимонда шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷамъоварии ғалладона давом дорад. Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 292 ҳазору 480 гектар кишти зироатҳои ғалладона гузаронида шудааст. То 29 сентябри соли ҷорӣ масоҳати 229 ҳазору 654 гектар даравида шудааст, ки ин баробари 78,5 фоизи нақша мебошад. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, то 29 сентябр нисбат ба ҳамин давраи соли 2007- 6 ҳазору 675 гектар ҳосили зироатҳои ғалладона камтар ҷамъоварӣ гардидааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






