ИШТИРОКЧИЁН ПОЙГАИ ҶАҲОНИИ ДӮСТӢ БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД

Октябрь 2, 2008 15:54

         Душанбе,  2 октябр. (АМИТ «Ховар»,   Пайрав Назаров). –Имрӯз  дар  Душанбе  маросими  истиқболи ботантанаи  иштирокчиёни  пойгаи  ҷаҳонии  дӯстӣ — 2008  баргузор  мегардад. Котиби  матбуоти   раиси  шаҳр  Шавкат  Саидов  хабар  дод, ки  М. Убайдуллоев   дар  бораи  қабули  иштирокччиёни пойга  дар  сатҳи  баланд  ва таъмини  амнияти   онҳо   зимни  ҳаракаташон  дар ҳудуди пойтахт  қарори  махсус  қабул  кард. Пойгаи  дӯстӣ  6  сентябр  аз  шаҳри  Остона  шурӯъ  гардида  буд.          Иштирокчиёни  пойга аз  шаҳрҳои  Қазоқистон,  Қирғизистон ва  Ӯзбекистон  гузашта,  ба  пойтахти  Тоҷикистон  ворид  мегарданд. Ҳадафи  пойга  ташвиқу  тарғиби  тарзи  ҳаёти  солим,  тақвияти равобити   фарҳангӣ ва  иҷтимоии  намояндагони  миллатҳои  гуногун  ва  муносибатҳои  дӯстонаи онҳо  мебошад. Бояд  гуфт, ки  барои  иштирок  дар пойга  варзишгари  касбӣ  будан  шарт  нест.Ҳамаи  хоҳишмандон барои  иштирок  дар  он  машъали  фурӯзонро  ҳамагӣ  чанд  метр  бурда,  ё  онро   чанд  лаҳза  ба даст  гирифта,  бо  ҳамин  дар  таҳкими  муносибатҳои  дӯстона бо  халқҳои  дигар  саҳм  гузошта  метавонанд.            Мухбири  АМИТ «Ховар ёдовар  мешавад, ки  машъали  фурӯзони  пойгаи дӯстиро солҳои  гуногун   шоҳдухтар  Диана, бибӣ- Тереза, ҳунарпешаи  машҳур Арнолд  Шварсеннегер,  варзишгар  Муҳаммад Алӣ  ва  бисёр  шахсони  дигари  машҳур  ба  даст  гирифта, ҷомеаи  ҷаҳонро  ба таҳкими  ғояҳои  сулҳ  даъват  намудаанд.

Октябрь 2, 2008 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд