ИШТИРОКИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИ

Октябрь 21, 2008 15:07

Дар шаҳри Душанбе боз як ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ — Конфронси байналмилалии Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои ҳамкор ва ҳамсоя оид ба тақвияти сарҳад ва пурзўр намудани мубориза бар зидди маводи мухаддир ба кори худ шурўъ намуд, ки дар оғози он  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ кард.Дар Конфронси байналмилалӣ оид ба тақвияти сарҳад ва пурзўр намудани мубориза бар зидди маводи мухаддир, ки кораш ду рўз идома хоҳад ёфт, роҳбарони вазорату идораҳо ва сохторҳои дахлдори Тоҷикистон, намояндагони воломақоми тамоми кишварҳо ва сохторҳои кории Иттиҳоди Аврупо,  Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, фиристодагони давлатҳои ҳамсоя ва ҳамкор ва корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе иштирок намуданд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии муқаддимавии худ аз даврони вазнине, ки кишвари мо баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ аз сар гузарондааст ва аз кўмакҳои зиёди ба мардуми Тоҷикистон расондаи давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ёдовар шуда, ба ҳамаи онҳо арзи сипосу қадрдонӣ намуд.Ҳамзамон бо ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти он, ки Тоҷикистон ба туфайли ҳамсоягӣ бо Афғонистон, дар сафи пеши мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қарор дорад, ҳамаи кўмакҳои расидаро нокифоя ва камсамар маънидод кард.Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон кишварҳои истеъмолкунандаи маводи мухаддир, яъне кишварҳои ғарб, хароҷоти худро баҳри мубориза бар зидди ин хатар пеш аз ҳама дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он, аз ҷумла дар Тоҷикистон бояд зиёд намоянд, то ки  истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии он дар саргаҳаш пешгирӣ карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми намоёни Тоҷикистон дар мубориза бо маводи мухаддир ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар давоми нўҳ соли охир дар қаламрави кишвар зиёда аз 60 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла беш аз 28 тонна героин аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шудааст. «Ин миқдори героин, агар то ба истеъмолкунанда мерасид, метавонист зиёда аз 30 миллион одамро дар олам нашъаманд созад», — таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон. «Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2008 ҳиссаи Тоҷикистон дар мусодираи маводи мухаддир дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 43 фоиз ва Осиёи Марказӣ 66 фоизро ташкил кард», — афзуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.Дар натиҷаи ин тадбирҳо аз соли 2000 далелҳои боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар тақрибан 60 фоиз кам шуд, яъне  теъдоди онҳо аз 1031 нафар ба  453 нафар расид. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ бошад берун аз қаламрави Тоҷикистон 170 шаҳрванди давлати мо дастгир шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қабул гаштани як қатор ибтикороти Тоҷикистон, аз ҷумла  доир ба ташкили «минтақаи  амният» дар атрофи Афғонистон, ки дар Иҷлосияи махсуси Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 1998 баён гашта буд ва оид ба ташкили «Ҳамкории глобалӣ ба  хотири мубориза бар зидди хатари мухаддирот» изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон як қатор пешниҳодҳои нав баён намуд.Пешниҳод карда шуд, ки барномаи алоҳидаи кўмаки техникӣ ба Қўшунҳои сарҳадии Тоҷикистон қабул ва шабакаи ягонаи иттилоотӣ ва махзани маълумот оид ба идораи сарҳадот бо таъминоти  барномавӣ таъсис дода ва тавассути онҳо ҳамоҳангии кўшишҳои донорҳо ба роҳ монда шавад.Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба кўмаки донорҳо танҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон ба сохтмони даҳ заставаи нави сарҳадӣ ва тармими пурраи зиёда аз сад застава, таъмири асосии отрядҳои сарҳадии Шаҳритус, Панҷ, Ҳамадонӣ,  Дарвоз ва Мурғоб ниёз дорад, зеро ба гуфти Сарвари давлат онҳо ҳанўз дар солҳои 30-40-уми асри гузашта сохта шудаанд.Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки дар шаҳри Душанбе Маркази махсуси таълимӣ оид ба тарбия ва бозомўзии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғуланд ва Маркази махсуси миллии кинологӣ таъсис дода шавад.Андешаҳои ҷолиб ва пешниҳодҳои муфиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди дастгирӣ ва пуштибонии иштирокдорони конфронс қарор гирифт.Аз ҷумла намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо Пьер Морель аз ин ибтикорот пуштибонӣ намуда, ташкили ҳамоҳангии боз ҳам наздики кори кишварҳои Осиёи Марказиро бо давлатҳо ва созмонҳои мададрасон амри зарурӣ номид.Сипас Конфронси байналмилалии Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои ҳамкор ва ҳамсоя кори худро бо муҳокимарониҳои дигар иштирокдорон идома дод.  

Октябрь 21, 2008 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ омӯзгорони фаъоли пойтахт қадрдонӣ карда шуданд
Намояндагони ВАО бо хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни Ваҳдати миллиро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашн гирифтанд
«САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ». Дар Китобхонаи миллӣ таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Иштирокчиёни экспедитсияи «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» пойгоҳи кайҳонавардии Байконурро тамошо карданд
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид