КӮМАК БА ОДАМОНИ СОЛХӮРДА ВА БЕКАС
Хуҷанд, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Мувофиқи дастури раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар арафаи иди Рамазон ба 275 аъзои хонаводаҳои камбизоат ва сокинони солхӯрдаю бекаси вилоят ба маблағи 200 сомонӣ анвои гуногуни озуқа, аз ҷумла, як халтагӣ орд, равған, шакар ва биринҷ тӯҳфа карда шуд. Сардори раёсати ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Нуринисо Комилова хабар дод, ки айни ҳол дар вилоят ду интернати пиронсолон – интернатҳои Деҳмой ва Хуҷанд фаъолият доранд. Дар онҳо 336 нафар одамони солхӯрда, маъюб ва бачагони аз падару модар маҳрумгардида зиндагӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки дар ин ҷо тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Инчунин, дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ғончӣ барои шахсони солхӯрдаю бекас 2 парваришгоҳ ташкил карда шудааст. Дар онҳо 130 нафар истиқомат мекунад. Умуман дар вилоят 2 ҳазору 760 шахси солхӯрдаю бекас ба қайд гирифта шудааст. Ба онҳо ҳамаҷониба кӯмак расонда мешавад, гуфт Н. Комилова.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






