КӮМАК БАРОИ ПЕШГИРИИ ВИЧ/СПИД

Октябрь 10, 2008 15:00

Душанбе,  10 октябр. (АМИТ "Ховар", Ибодат Давлатова). —  11 октябри соли ҷорӣ дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» ҷаласаи корӣ оид ба роҳандозии Барномаи «Беҳдошти дастрасии гурўҳҳои ҳассоси аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ ба хизматрасонӣ ҷиҳати пешгирии ВИЧ/СПИД, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ»   доир мегардад. Барномаи мазкур аз ҷониби ташкилоти ғайриҳукуматии башардўстонаи  Ҳоланд «СПИД Фонд Восток-Запад» (AFEW) бо дастгирии Лоиҳа оид ба назорати СПИД дар Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешавад.Чорабинии мазкур бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии ҳамоҳангсоз оид ба ВИЧ/СПИД, сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ гузаронида мешавад.Мақсади асосии барномаи мазкур беҳдошти дастрасии гурўҳҳои ҳассоси аҳолӣ, ба хизматрасониҳои пешгирии ВИЧ-инфексия, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ бо роҳи ташкили системаи кўмаки иҷтимоӣ мебошад.

Октябрь 10, 2008 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд