КАМ КАРДАНИ ҲАҶМИ МАБЛАҒИ БАҚИЯПУЛИҲО

Октябрь 30, 2008 14:23

                   Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз рӯи иттилои Вазорати молия, ҳаҷми маблағи бақияпулиҳои андозӣ афзоиш ёфта, ба 1 сентябри соли 2008 ба 445,7 миллион сомониро ташкил мекунад, ки ин нисбат ба аввали сол 59,2 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 191,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.                  Аз ин лиҳоз Вазорати молия дар якҷоягӣ бо Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук оиди ба танзим даровардани бақияпулиҳо ва минбаъд роҳ надодан ба зиёдшавии онҳо корҳои заруриро андешида истодаанд, то ки ҳаҷми онҳоро то охири сол аз рӯи воқеӣ будани онҳо кам намоянд.                  Ғайр аз ин, дар баъзе соҳаҳои буҷетӣ маблағгузорӣ нисбатан паст мебошад ва сабаби асосии он ин сари вақт нагузаштани комиссияҳои тендерӣ, иҷро нагардидани ҳаҷми корҳо дар иншоотҳои сохтмонӣ ва аз тарафи роҳбарони ташкилоту идорахо дар мӯҳлати муайяншуда пешниҳод накардани сметаҳои хароҷотӣ ва дигар ҳуҷатҳои маблағгузорӣ мебошад.                  Аз ин лиҳоз Вазорати молия оиди ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ то охири соли ҷорӣ 34 тавсияномаҳои методӣ таҳия ва барои истифодабарӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт пешниҳод намудааст.                 Дар айни замон аз рўи ин стандартҳо бо низоми нави баҳисобгирии бухгалтерӣ 79 корхонаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ фаъолияти молиявӣ мебаранд.  

Октябрь 30, 2008 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид