КАМ КАРДАНИ АНДОЗ САБАБИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ МЕГАРДАД
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Муовини директори Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе Миралӣ Қодиров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки мутахассисони марказ таҳияи барномаи нави «Андоз ва андозбандӣ дар соҳаи соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ро анҷом доданд. Барнома дар асоси пешниҳодоти тоҷирону соҳибкорон бо мақсади беҳтар сохтани шароити кор таҳия карда шуд. М.Қодиров зикр намуд, ки барномаи мазкур ба қарибӣ бо иштироки теъдоди зиёди соҳибкорону тоҷирон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳокима карда шуд. Дар ин ҷамъомад масъалаҳои марбут ба ҷорӣ намудани низоми соддаи андозбандӣ ба соҳибкорон ба миён гузошта шуданд. Барнома зиёд кардани мӯҳлати пешниҳоди ҳисоботҳоро пешгирӣ мекунад. Қабл аз ин соҳибкорону тоҷирон вазифадор буданд, ки ҳар се моҳ як маротиба ҳисобот диҳанд. Барнома инчунин кам кардани гузаронидани маблағро ба ҳисоби Фонди ҳифзи иҷтимои аҳолӣ, кам кардани андози нақлиёт, бекор кардани андози фурӯш ва кам кардани андози арзиши изофаро пешбинӣ менамояд. М.Қодиров афзуд, ки мо бояд дар ин масъала таҷрибаи мусбати мамлакатҳои ҳамсояро омӯзем. Масалан, дар Қазоқистон аз соҳибкорон ҳамагӣ 13 фоиз андози арзиши изофа гирифта мешавад. Дар мамлакатҳои дигари ИДМ андози фурӯши мол умуман вуҷуд надорад. Умед аст, ки барномаи мазкур дар ҳукумат баррасӣ намуда ва қабул када мешавад. Тоҷирону соҳибкорон дар ин маврид ба манфиати пешрафти иқтисодиёти мамлакат меҳнат карда метавонанд, гуфт Миралӣ Қодиров.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






