КАМИССИЯИ ДАВЛАТӢ ҚАБУЛ НАМУД

Октябрь 31, 2008 10:26

             Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Академияи илмҳои кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз тарафи Комиссияи давлатии озмоишии навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо, навъи ноки (бо номи шартӣ) «Зарнисор» ва навъи шафтолуи «Гули зард» қабул карда шуд.             Пажӯҳишгоҳи боғдорию сабзавоткорӣ аз рӯи аломатҳои маҷмӯи биологию хоҷагидорӣ навъи ноки «Зарнисор», шафтолуи навъи «Лаъл», себи навъи «Зардсеби тирамоҳӣ» ва чормағзи «ФТ-6/26»-ро ба Комиссияи давлатии озмоишии навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишовазии ҶТ барои омӯзиш ва минтақабоб гардонидан ҷудо намуд.             Ба комиссияи мазкур ду навъи картошка («Мӯъминобод») ва («Файзобод»), ки дар натиҷаи фаъолияти муштараки олимони Пажӯҳишгоҳи боғпарварию сабзавоткорӣ ва Пажӯҳишгоҳи физиологияи растаниҳо ва генетикаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба вуҷуд оварда шудаанд, супорида шуданд.

Октябрь 31, 2008 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид