КАРТОШКАИ БАЛҶУВОН
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷамъоварии картошка дар ноҳияи Балҷувон ба охир расид. Дар ин ноҳия соли ҷорӣ дар майдони 60 гектар картошка шинонида шуд,ки нисбат ба соли 2007 8 гектар зиёд аст. Тибқи дурнамои истеҳсолӣ ба даст овардани 768 тонна картошка ба нақша гирифта шуд. То 6 октябр аз майдони 60 гектар 768 тонна картошка кофта гирифта шуд, ки 100 фоизи нақшаи пешбинишударо таъмин кард. Ҳоло заминҳои аз картошка холишуда барои кишти тирамоҳӣ тайёр карда мешаванд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






