КОНФРОНСИ ВАКИЛОНИ ПАРЛУМОНҲОИ МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ҶТ

Октябрь 8, 2008 09:53

         Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Бо ташаббуси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кӯмаки Бунёди назорати бемории СПИД дар Осиёи Марказӣ, муассисаҳои муттаҳидаи СММ дар масъалаи пешгирӣ ва табобати бемории СПИД ва намояндагии раёсати назорати маводи нашъадор ва ҷинояти СММ дар Осиёи Марказӣ рӯзҳои 9 ва 10 октябр дар шаҳри Душанбе конфронси вакилони парлумонҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор мегардад. Конфронс ба масъалаҳои пешгирию табобати бемориҳои ВИЧ ва СПИД бахшида мешавад. Дар конфронс на танҳо вакилони парлумонҳои Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Ӯзбекистон, Туркманистону Озарбойҷон, балки намояндагони созмонҳои манфиатдори давлатӣ, ғайриҳукуматӣ ва байналхалқӣ ширкат меварзанд. Онҳо масъалаҳои такмили заминаи қонунии муборизаро ба муқобили бемориҳои ВИЧ ва СПИД дар байни коргарони муҳоҷир , инчунин монеаҳои қонунии баҳрабардорӣ аз хизматрасонии тиббиро барои табобату пешгирии ин беморихо дар байни нашъамандон ва маҳбусон баррасӣ мекунанд. Аъзои гурӯҳи кории байнипарлумонӣ, ки соли 2006 бо ташаббуси Жогорку Кенешии Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил ёфта буд, дар бораи натиҷаҳои такмил додани заминаи қонунии ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирии бемориҳои ВИЧ ва СПИД дар мамлакатҳои минтақа маълумот медиҳанд. Дар фарҷоми конфронс тавсияҳои вакилон дар масъалаи беҳтар сохтани роҳу усулҳои табобату пешгирии ин бемориҳои хавфнок қабул карда мешаванд.

Октябрь 8, 2008 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд