КОРХОНАҲОИ МУШТАРАК
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 60 корхонаҳои муштарак бо иштироки мутахассисони Тоҷикистону Россия фаъолият доранд. Мавриди зикр аст, ки миёни корхонаҳои фаъол, калонтарин корхонаҳои муштарак, аз қабили «Алмаз-Азия», «Евразия- текстил», «Интермебел», ҶСШК «Кони намак», ки маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо ба садҳо миллион сомонӣ мерасад, ҳамкориҳои худро дар риштаҳои иқтисодӣ давом медиҳанд. Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо шаҳри Санкт-Петербург, вилояти Оренбуг, кишвари Олтой, шаҳри Москва, вилоятҳои Свердловск, Челябинск, Самара ва Ҷумҳурии Бошқирдистон натиҷаҳои хуб доранд. Дар назар аст, ки ҳамкориҳо бо ин шаҳру вилоятҳо дар соли 2009 дар сатҳи боз ҳам баландтар ба роҳ монда мешаванд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






