КУРСҲОИ БОЗОМӮЗӢ
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии баъзе шаҳру ноҳияҳо дар мӯҳлати муайяншуда бозҳисобии нафақаро таъмин карда натавонистанд, — иброз дошт муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинов Э.Н. ба мухбири АМИТ «Ховар». Ҷамъбасти бозҳисобӣ баъди Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2008 «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва стипендия » нишон дод, ки шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии аксарияти шаҳру ноҳияҳо аз Барномаи бонки асноди нафақавии нави пешниҳоднамудаи шӯъбаи технологияи иттилоотии Вазорати мазкур истифода намебаранд. Бинобар и, Муассисаи давлатии «Курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ», масъалаи бозомӯзии Барномаи бонки асноди нафақавии навро дар курсҳо ба нақша гирифтанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






