М. РАНҶБАР: «РУДАКИ ШОИРИ МОНДАГОР ВА ҶАҲОНУ БАШАР АСТ»
( Ҷаҳон имрӯз кӯшиш дорад, ки аз ҳар шахсиятҳои кӯчак ба ифтихорашон шахсиятҳои бузурги ҷаҳонӣ бисозанд. Ва мо имрӯз бояд кӯшиш кунем, ки устод Рӯдакиро ба як қавме ба як қабилае ба як ҷуғрофиёи маҳдуде онро мутобиқ накунем. Бо эҳтироме, ки зодгоҳи ин марди бузург, ин марди шеър ва фарҳанг ва ҳунар марбут ба ҳавзаи ҳудуди Тоҷикистон аст. Вале дар он рӯзгорон марбут ба Хуросони бузург мешуд, марбут ба ҳавзаи ҷуғрофии Сомониён, ки имрӯз ҳамаи ҳавзаи бузурги Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон Мовароуннаҳр, Самарқанду Бухоро баъзе нуқоте аз Ҳинду Покистонро дар бар мегирифт. Биноан Рӯдакӣ фарзанди башар аст, Рӯдакӣ фарзанди ҷаҳон аст, Рӯдакӣ фарзанди шеъру адаби воло ва оламгири ҷаҳон аст). Ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ байни се кишвари ҳамзабон-Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон беш аз пеш густариш меёбад. Далели ин таъсиси марказҳои илмию фарҳангии кишварҳои форсизабон дар Душанбе аст. Китобхонаи ба номи устод Халилулоҳи Халил, яке аз чунин марказҳои фарҳангист, ки бо ибтикори шахси соҳибмаърифат Муҳамадҷаъфари Ранҷбар ташкил карда шудааст. Дар иртибот бо фаъолияти ин даргоҳи маърифат ва дигар паҳлӯҳои тақвияти ҳамкории илмию фарҳангии се кишвари ҳамҷавору ҳамзабони минтақа сӯҳбате оростаем бо мудири китобхобнаи ба номи Халилулоҳи Халил Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар: — Устод Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар, китобхонаи Халилулоҳи Халил кай ва бо кадом мақсад ташкил карда шудааст? Китобхонаи Халилулоҳи Халил, ҳанӯз 10 сол муқаддам, яъне соли 1998 дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд. Аз замоне китобхонаи устод Халилулоҳи Халил дар шаҳри Душанбе ташкил карда шуд, ҳадафу барномаҳояш ин аст, ки битавонад як робитаи фарҳангӣ, адабӣ ва ҳунариро бо донишмандон ва дигар қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон барқарор бикунад. Дуруст аст, ки Афғонистон ва Тоҷикистон марзҳои мустақилу ҷудогонае доранд, бо эҳтиром бо ин сиёсатҳои мустақили ду давлат, вале дар асл агар нигоҳ кунем, ин ду миллат як миллат аст, як ватан аст, як фарҳанги воҳид аст, ки мардумони он дар ду соҳили як рӯдхона- Омӯ сокин ҳастанд, яъне фарзандони ягонаи як модари таъриху як тамаддун мебошанд. -Бо кадом мақсад китобхона ба номи устод Халилулоҳи Халил номгузорӣ шудааст? -Ба номи устод Халилулоҳи Халил номгузорӣ кардани ин даргоҳ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба шахсияти устод Халилулоҳи Халил аст. Зеро устод Халилулоҳи Халил яке аз шахсиятҳои бузурги фарҳангӣ ва адабии натанҳо Афғонистон балки минтақа буд. Сафарҳои зиёде ба Тоҷикистон дошт. Дар ҷашнҳои шахсиятҳои барҷастаи адибони ҷаҳоншумули тоҷик ба мисли Рудакӣ, Бедил, Ҷомӣ ва ғайра ширкат варзида буданд. Бисёр робита ва ҳамкориҳои қавмӣ, қаламӣ ва адабӣ бо донишмандон ва шоирони шинохтаи тоҷик Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Мирсаид Миршакар доштанд. Ва мардуми тоҷик ба ихлос ва муҳаббати хосе ба устод ва шахсияти устод Халилулоҳи Халил алоқа доранд. Ва номи устодро ба некӣ ёд мекунанд. Ман ба фахри муҳаббат ва ихлоси дӯстон ва азизони ҳамзабони тоҷики худ кӯшиш кардам, ки дар ҳақиқат як бунёд ё ниҳоде бо номи устод Халилулоҳи Халил дар Душанбе ташкил бишавад, то ба ин васила битавонем корҳоеро дар заминаи робитаҳои фарҳангӣ, адабӣ бо кишвари азизи ҳамзабон ва ҳамдиёри Тоҷикистон анҷом бидиҳем. Се кишвари ҳамзабон Тоҷикистон-Афғонистон ва Эрон ин ҳама фарзандони сегонаи як модари соҳибтамаддун ҳастанд ва замони имрӯзи шароит эҷод мекунад, ки инҳо бояд ба садоқат, бо ҳусни ният, бо муҳаббат дар канори ҳам бошанд, дар мушкили ҳамдигар шарик бошанд, метавонанд бо ҳам корҳои муштараки маънавию фарҳангиро анҷом бидиҳанд ва ба ин васила мо метавонем ба сӯи як ваҳдати қавии сартосарии фарҳангии қавмҳои ориёӣ бирасем. — Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар дар тӯли 10 соле, ки ин даргоҳи маърифат фаъолият дорад, ба назари Шумо то чи андоза рисолати худро иҷро намудааст, ваё кадом корҳоро дар мавриди тавсиаи робитаҳои илмию фарҳангии кишварҳои форсизабон ба сомон расонидааст? Рисолати ин даргоҳи маърифат саҳм гузоштан дар рушди фарҳангу адаби ҳавзаи кишварҳои ҳамзабон аст. Китобхонаи ба номи устод Халилулоҳи Халил корҳои зиёдеро анҷом додааст. Конфронсу намоишгоҳҳои зиёдеро бахшида ба ҷашнҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сомониён, Беҳзод ва ғайра баргузор карда, китобҳои шоирону адибони варзида ва маъруфро ба нашр омода кардааст. Масалан китоби устод Халилулоҳи Халил бо ҳуруфоти сириллик чоп шуд. Рисолаи Муҳаммад Яқуби Чархӣ «Як ёр аз Хуросон», китоби «Раҳнамои Бомиён» ва ғайра чоп шуданд. Инчунин, китобхона дорои беш аз 3 ҳазор китобҳои таърихӣ, илмию адабӣ ва фарҳингист, ки бо ҳуруфоти ниёкон нашр шудаанд. Ва аз ин даргоҳи маърифат донишҷӯёну устодони донишгоҳҳо ва олимону пажӯҳишгарон истифода менамоянд. — Вобаста ба ҷашни 1150-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки чанде пеш дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд китобхонаи Халилулоҳи Халил кадом корҳоро ба сомон расонид? Дар иртибот ба ҷашни устод Рӯдакӣ мудирияти китобхона кӯшиш ба харҷ дод, ки корҳои наҷибро ба анҷом расонад. Чопи китоби устод Саид Нафисӣ «Муҳити зиндагӣ ва ашъори Рӯдакӣ» аз зумраи он корҳои ба итмомрасонида аст. Китоби мазкур дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон, намояндагии Ожонсии рушд ва ҳамкории Шветсария дар Тоҷикистон ва баъзе дӯстони дигар бо теъдоди 1150 нусха ба нашр расид. Инчунин, маҳфили бошукӯҳи муаррифии китоб дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он дӯстони зиёд ва шахсиятҳои шинохтаи адабии кишварҳои ҳамзабони Тоҷикистон -Афғонистон ва Эрон хотироти неки худро атрофи китоби мазкур баён доштанд. Барои ман ифтихори бузург аст, ки ин китобро дар Рӯзи таҷлили ҷашни устод Рӯдакӣ дар зодгоҳ шоир деҳаи Панҷрӯд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон тақдим кардам. Ва ин китоб ба ҷоизаи давлатии ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ пешниҳод карда шудааст. -Шумо ба ҳайси як фарди форсизабон ва соҳибмаърифат мақоми Рӯдакиро дар рушду густариши адабиёти ҷаҳонӣ чи гуна арзёбӣ менамоед? -Устод Рӯдакӣ бо шеъри бисёр баланду пухтаву пурмағзу ҳикматомӯзи ахлоқӣ ва фалсафие, ки дорад ва дар замина, қолаб ва санъати шеър ва ашъори устод Рӯдакиро ба мутолиа, муқоиса ва таҳқиқ бигирем, ба рости нақши бузургмарди шеъру адаби порсиро мо дар шӯарои ҳамон давраи худаш, шӯарои баъдӣ аз оғоз то имрӯз мушоҳида мекунем. Шоире, ки дар он рӯзгор, дар он рӯзгоре, ки оғоз ва нахустин марҳилае ба истилоҳ авҷгирии такомули шеъру адаби форсӣ буд, дар он рӯзгорон тавонист, ки бо ҳикмат бо таҷриба, бо хиради амиқи ба истилоҳ адабӣ ва фалсафии худаш бунёд ва таҳдоби бузургеро дар шеъру адаби форсӣ ба ёдгор гузошт, ки шӯаро ва адибони баъдӣ ба истилоҳ қадаме дар ҷойи қадами устод Рӯдакӣ гузоштанд. Аз ин рӯ, мо имрӯз устод Рӯдакиро наинки устоди адабиёти форсу тоҷик, балки шоири мондагор ва ҷаҳону башар бояд бидонем. Ва имрӯз саҳм, нақш, сухан ва ҳикмату фалсафаи устод Рӯдакӣ, ашъори ҳакимонаю ахлоқии устод Рӯдакӣ, ашъори ошиқонаю ибратомӯзи устод Рӯдакӣ заминае ҳаст барои шоирони дирӯз ва имрӯз. Дар бахши шеър, адабу сухани устод Рӯдакӣ ва шоирони ҳам форсизабон ва ҳам шоироне, ки бо забони туркӣ шеър менависанд ва дигар шуарои ба истилоҳ ҳиндию арабу курд ва дигар қавму миллатҳо мо нақши пою андешаю ҷавҳари шеъри устод Рӯдакиро мушоҳида мекунем. Биноан ба ақидаи банда устод Рӯдакӣ на шоири форсу тоҷик, балки шоири башар, шоири ҷаҳон аст. Ҷаҳон имрӯз кӯшиш дорад, ки аз ҳар шахсиятҳои кӯчак ба ифтихорашон шахсиятҳои бузурги ҷаҳонӣ бисозанд. Ва мо имрӯз бояд кӯшиш кунем, ки устод Рӯдакиро ба як қавме ба як қабилае ба як ҷуғрофиёи маҳдуде онро мутобиқ накунем. Бо эҳтироме, ки зодгоҳи ин марди бузург, ин марди шеър ва фарҳанг ва ҳунар марбут ба ҳавзаи ҳудуди Тоҷикистон аст. Вале дар он рӯзгорон марбут ба Хуросони бузург мешуд, марбут ба ҳавзаи ҷуғрофии Сомониён, ки имрӯз ҳамаи ҳавзаи бузурги Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон Мовароуннаҳр, Самарқанду Бухоро баъзе нуқоте аз Ҳинду Покистонро дар бар мегирифт. Биноан Рӯдакӣ фарзанди башар аст, Рӯдакӣ фарзанди ҷаҳон аст, Рӯдакӣ фарзанди шеъру адаби воло ва оламгири ҷаҳон аст. Нақши Рӯдакӣ дар рушди шеъри форсӣ бисёр мумтоз аст. Ман ҳам ба саҳми худ ва ба саҳми ҳамдилию ҳамзабонӣ ин китоби арзишманди устод Саид Нафисиро ба ҷашни пуршукӯҳи 1150-солагии Маликушуарро Рӯдакӣ ба чоп расонидем. Ва ин китоб дар рӯзҳои фархундаю муборак -таҷлили ҷашни устод Рӯдакӣ ба меҳмонон тақдим карда шуд. — Назари Шумо ба таъсиси телевизиони муштараки се кишвари форсизабони минтақа чи гуна аст? -Иқдоми роҳандозӣ барои ташкили телевизиони муштараки кишварҳои форсизабони минтақа-Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон қадами бисёр мусбату писандида аст. Ва ман ин иқдомро бо ниятҳои нек истиқбол мегирам. Фақат яке аз шартҳое, ки метавонад дар ин барнома қабл аз ҳама бояд дар мади назари вузарои фарҳанги се кишвар ва мутахассисин ва афроди вобаста ба ин бахш, бошад ки бояд битавонанд ва агар бихоҳанд, ки ин телевизион дар сатҳ ва кайфияти бисёр баланду хуб ва ҷиддӣ дар сатҳи минтақа ва дунё нақш ва таъсири худро ба итмом расонад, бояд ки афроди мутахассис, афроди варзида, донишманд, афроди адибу забондон, шахсоне, ки ба истилоҳ ба корҳои телевизионӣ, ки дар робита ба ҳавзаи воҳиди фарҳангӣ марбут аст, бояд ошноӣ, таҷриба ва огоҳии комил дошта бошанд, ҷалб созанд. Ин тавре нашавад, ки ин телевизион ташкил шавад ва бо дарназардошти баъзе мулоҳизоти сиёию этникӣ ва забоние, ки дар кишвари мо вуҷуд дорад, бояд як силсила афродеро аз ниҳодҳои хосе дар назар бигирем ворид кунем, ки инҳо натавонанд он нақши нек ва он аҳдофе, ки дар оиномаи ин телевизион гузошта шудааст, аз ӯҳдаи он бароянд. Бояд афродеро ворид кунанд ва дар ин барномаҳо шомил шаванд, ки мутахассис бошанд, соҳиби таҷриба бошанд, аз як андӯхтаи ҷиддӣ ба истилоҳ илмӣ, фарҳангӣ, адабӣ, иҷтимоӣ ва таърихӣ бояд бархӯрдор бошанд. Огоҳӣ ба дур аз ҳар гуна эҳсосот ва масоили сиёсӣ битавонанд бо ҳусни ният, бо муҳаббат ба сатҳи баланди маънавӣ он телевизионро ба мақоми баланд ба он ҷойгоҳе, ки мутахассисин ва дӯстон дар назар доранд, бирасонанд. Ва мо форсизабонон битавонем ба воситаи ин телевизион пайёми воҳиди ягонаи ин се кишвари форсизабонро ҳам дар минтақа ва ҳам дар ҷаҳон бирасонем. Ташаккур. Мусоҳиб, Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар» .