МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ БА КИШВАРИ ВОРИДКУНАНДА БАРГАРДОНИДА ШУД
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Кормандони Агентии стантартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд корхонаҳои хӯроки умумии ҷумҳурӣ санҷиш гузаронида, дар натиҷа 2700 килограмм чойи «Мақсад» ва «Империал», ки ба шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саид Абдулқодир тааллуқ дошт бо сабаби ба стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯй набуданаш дастгир намуда, ин маҳсулотро ба Афғонистон бозпас гардониданд. Сармутахассиси маркази матбуоти Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» Мирзовалӣ Абдуллозода ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар баробари ин, як ҳазору 400 килограмм вафлии пастсифат, ки маҳсулоти Ширкати «Ширингул»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад боздошт шуда, ба Эрон баргардонида шуд.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






