МАҶМУИ МАҲСУЛОТИ ДОХИЛИ 12 МИЛЛИАРДУ 374,8 МИЛЛИОН СОМОНИРО ТАШКИЛ ДОД
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 12 миллиарду 374,8 миллион сомониро ташкил дод ва суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 107,2 фоиз баробар шуда, болоравиии суръати рушд 0,1 пункти фоизӣ таъмин гардидааст, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода. Ҳамчунин қайд гардид, ки дар ин нӯҳ моҳи соли равон корхонаҳои соҳаҳои индустриалӣ ба маблағи 4 миллиарду 286,8 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба маблағи 108,1 миллион сомонӣ коҳиш дод ва суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулотро 97,5 фоиз таъмин намуд. Камшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар миқёси ҷумҳурӣ асосан аз ҳисоби КВД «Ширкати Алюминий Тоҷик» — 66,1 миллион сомонӣ, ШСХК «Барқи тоҷик» — 63,1 миллион сомонӣ, КВД «Тоҷиксемент» — 39,4 миллион сомонӣ ва корхонаҳои пахтатозакунӣ — 91,7 миллион сомонӣ ба амал омадааст. Бояд қайд намуд, ки КВД «Ширкати Алюминий Тоҷик» дар ин давра ба маблағи як миллиарду 694,9 миллион сомонӣ маҳсулоти молӣ ва 300,7 ҳазор тонна алюминий аввалия истеҳсол намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 миллион сомонӣ кам аст. Аз рӯи таҳлили маълумоти оморӣ то якуми октябри соли равон аз 777 корхона 224 — тои он суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 405 миллион сомонӣ кохиш дода, 104 корхонаи саноатӣ бошад, умуман фаъолият накардаанд. Сабаби асосии нисбати соли гузашта паст шудани нишондиҳандаи истеҳсоли маҳсулот ин сардиҳои зимистон ва бӯҳрони энегетикӣ аз аввали соли 2008 мебошад, ки ба иқтисодиёти мамлакат зарари калон расонид. Ҷамъбасти воқеии зарари расонидашуда дар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ — 258 миллиону 187 ҳазор сомонӣ ва дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ — 409 миллиону 581 ҳазор сомониро ташкил дод.