МАШВАРАТИ КОРИ ДАР НАЗДИ САРВАРИ ДАВЛАТ

Октябрь 13, 2008 15:13

            Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати мамлакат, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор идораву муассисаҳои давлатӣ ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд. Дар машварат масоили вобаста ба татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни сафари кории ў ба ноҳияҳои водии Рашт баён гашта буданд ва санадҳое, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳамоишҳои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои пурраю саривақтӣ ва босифати онҳо ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масоили кишти тирамоҳии ғалладона ва сабзавоту картошкаи барвақтӣ, ба кор даровардани гармхонаҳои сабзавотпарварӣ ва омодагии ҷиддӣ ба зимистони пешомад, аз ҷумла баҳри захира намудани маводи сўхт ва озуқаворӣ таваҷҷўҳ намуда, дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.Супоришҳои қатъӣ оид ба тезондани сохтмони нерўгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, ба кор даровардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, бо газу барқ таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ ва расондани об ба хоҷагиҳои кишоварзӣ баҳри гузарондани кишти тирамоҳӣ ва ҳамчунин доир ба ҷамъоварии маблағи истифодаи газ, барқ ва об дода шуд.

Октябрь 13, 2008 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд