МАШВАРАТИ КОРИИ НАЗДИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН
Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рўдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода оид ба масъалаҳои кишоварзӣ машварати корӣ доир намуд. Дар машварат ҳисоботи Муовини Сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон ва Вазири кишоварзӣ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рўдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили пахта, кишти тирамоҳӣ, омодагӣ ба зимистон, истифодаи ғайримаќсадноки заминҳо ва маблағҳои ба ассотсиатсияҳои обрасон ҷудогашта, омода ва захира кардани тухмии зироатҳо, таъмини бозори истеъмолӣ бо меваю сабзавот ва дигар маводи ғизоии истеҳсоли худӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ ва ҷорӣ намудани механизми нави маблағгузории бахши пахтакорӣ шунида шуд. Зикр гардид, ки имсол дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои судбахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи пурсамари ҳар як ваҷаб замини корам ҳосили фаровони тамоми маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, меваю сабзавот, картошка ва пахта рўёнда шудааст. Тибќи ҳисоботҳо имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони беш аз 237 ҳазор гектар пахта кишт шудааст ва пахтакорон умед доранд, ки дар маҷмўъ 410 ҳазор тонна ҳосил ба даст оранд. Бо ќаноатмандӣ зикр гардид, ки хоҷагиҳои пахтакор тадриҷан аз ќарзҳои сармоягузорону бонкҳо раҳо ёфта, рў ба худмаблағгузорӣ оварда истодаанд. Ин тамоюл бештар дар ноҳияҳои Ваҳдат, Рўдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринав ба назар мерасад, таъкид гардид, дар ҳисоботҳо. Дар воќеъ имрўз натиҷаи татбиќи босамари муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи пурсамари заминҳои корам ва фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ дар аксари хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат ва бозорҳо баръало ба назар мерасад. Хусусан ҳосили фаровони меваю сабзавот, пеш аз ҳама себ, нок, хурмо ва картошка мушоҳида мегардад. Агарчи зимистони гузашта дар бисёр минтаќаҳо ниҳолҳои анорро сард зад, вале ба боғдорони хоҷагиҳои шаҳри Норак ва баъзе минтаќаҳои дигар рўёндани ҳосили фаровони ин меваи гаронбаҳо муяссар гаштааст. Ҳосили фаровони картошка дар ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт ва ноҳияҳои Ғончӣ ва Мастчоҳи кўҳии вилояти Суғд рўёнда шудааст. Танҳо картошкапарварони вилояти Суғд имсол 200 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварданианд, таъкид гардид дар ҳисоботи раиси вилоят. Бо вуҷуди ҳамаи пешравиҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суръати ҷамъоварии ҳосили фаровони пахтаро ғайриќаноатбахш арзёбӣ намуда, баҳри тезондани он ва истифодаи пурсамар аз обу ҳавои мусоиди имрўза ба масъулин супоришҳои ќатъӣ дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки ҳосили пахтаи рўёндаи деҳќон бо нархҳои одилона харидорӣ карда шавад, то ки ҳавасмандии онҳо дар ин кор зиёд гардад. Дар робита ба вусъати кишти тирамоҳӣ бошад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар 170 ҳазор гектар заминҳои обӣ ғаллаи тирамоҳӣ кишт карда шавад. «Кишти сабзавоти барваќтӣ барои таъминоти бозор дар фасли баҳор ва аввали тобистони соли оянда низ аз ҳозир бояд вусъат дода шавад», таъкид намуд Сарвари давлат. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои кишти такрорӣ дар соли оянда бояд 160 ҳазор гектар замини обӣ омода карда шавад. «Ҳамаи ин, пеш аз ҳама, ба хотири таъмини амнияти озуќавории кишвар ва фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ аст», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд, ки танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем аз таъсири манфии бўҳрони молиявию иќтисодӣ дар бозори ҷаҳонӣ худро эмин нигаҳ дорем. Оид ба омода ва захира намудани тухмии хушсифати ғалладона, пахта, картошка ва дигар зироатҳо ва ҳамчунин нуриҳои минералӣ низ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд. Таъкид гардид, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бояд мағозаҳои фурўши тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ кушода шаванд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи ғайримаќсадноки заминҳо, маблағҳои ба ассотсиатсияҳои обрасон ҷудогашта ва изофанависӣ дар иҷрои наќшаи пила изҳори нигаронӣ карда, оид ба ислоҳи камбудиҳои мавҷуда дар ин самтҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт. Дар мавриди омодагӣ ба зимистон иттилоъ дода шуд, ки таъминоти муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ангишт ва дигар маводи сўхт ва кушодани нуќтаҳои фурўши ангишт ва гази моеъ дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мазкур ба таври ќаноатбахш ба роҳ монда шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҳамчунин оид ба рушди парандапарварӣ, ниҳолпарварӣ, боғутокпарварӣ, парвариши занбўри асал ва вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ супоришҳои ќатъӣ дода, таъкид намуд, ки оид ба рафти иҷрои ҳамаи вазифаҳои гузошташуда 1-уму 20 ноябр ва 1 декабри соли равон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботҳои мушаххасу густурда пешниҳод намоянд.