МЕЪЁРИ ТАВАРРУМ БА 12,7 ФОИЗ РАСИД

Октябрь 23, 2008 14:25

           Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар нӯҳ моҳи соли равон ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти дохилӣ (ММД) 12 миллиарду 374,8 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиарду 445,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов.           Ҳамчунин зикр гардид, ки гардиши савдои хориҷӣ дар ин давра ба 3 миллиарду 544,1 миллион долари амрикоӣ баробар гардидааст, ки 28,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ 1146,8 миллион доллар ва ҳиссаи воридот бошад ба 2397,3 миллион доллари амрикоӣ баробар гардидааст.           Меъёри таваррум дар ин давра 12,7 фоизро ташкил дод. Ба баландшавии меъёри таваррум пеш аз ҳама омилҳои берунӣ, аз ҷумла афзоиши нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва инчунин зиёд шудани тарифи қувваи барқ ва газ дар ҷумҳурӣ сабаб гардиданд. Ҳол он ки омилҳои фискалӣ (даромад, хароҷот ва касри буҷет) дар сатҳи зарурӣ ва устувор нигоҳ дошта шудааст.

Октябрь 23, 2008 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид