МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРӢ

Октябрь 8, 2008 16:56

          Хоруғ, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- 5-6 октябри соли 2008 дар шаҳри Хоруғ маҷлиси дуюми комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва вилояти Бадахшони Ҷумхурии Афғонистон баргузор гардид. Дар маҷлис роҳу усулҳои рушди ҳамкорӣ, фаъолияти бозорҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон ва ғайра муҳокима гардиданд. Раиси ВМКБ, муовини раиси Мачлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Қодири Қосим дар ифтитоҳи ҷаласа дар бора ҳамкориҳои судманди иқтисодию тиҷоратии ду вилояти ҳамҷавор сухан ронд. Волии вилояти Бадахшони Афғонистон ҷаноби Муншӣ Абдулмаҷид назари хешро роҷеъ ба ҳолати феълии ҳамкории ду вилоят ва инчунин роҳҳои рушди минбаъдаи он иброз дошт. Роҳбари Ассотсиатсияи соҳибкорон ва фермерҳои ВМКБ Б. Алибахшов аз боби ҳолат, проблемаҳо ва роҳҳои такмил додани тиҷорати наздимарзӣ ахборот дод. Тарафҳо баъди сухбатҳою мухокимарониҳо дар бобати беҳтар намудани роҳҳои густариши равобити иқтисодиву бозаргонӣ, бо назардошти манофеи мутақобил ва ҳуқуқҳои баробар ба тавофуқ расиданд ва протоколи якҷояро ба имзо расониданд. Дар ҳуҷҷат роҳҳои рушди минбаъдаи тиҷорати минтақавӣ ва наздимарзӣ, хамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, туризм ва ғайра пешбини шудаанд. Дар маҷлис ҳайати нави комиссияи муштарак тасдиқ гардид, ки ба он кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони раёсату шӯъбаҳои калонтарини ҳар ду вилоят шомил гаштанд. Қарор дода шуд, ки маҷлисҳои комиссия соле ду маротиба дар шаҳрҳои Хоруғ ва Файзободи Афғонистон гузаронида мешаванд. Комиссия вазифадор шуд, ки самтҳои ҳамкориро дар қобили кишт гардондани қитъаҳои замини соҳили рӯдхонаи Панҷ муайян намояд.

Октябрь 8, 2008 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид