МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ ИСТИФОДАИ ОБ
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал бо кӯмаки намояндагии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон бахшида ба масъалаҳои беҳтар сохтани низоми истифодаи об дар Осиёи Марказӣ бо мақсади таъмини рушди устувори минтақа 9 октябр конфронс баргузор месозад. Иштирокчиёни он масъалаҳои беҳтар сохтани низоми истифодаи обро дар минтақа муҳокима карда, бо нақшаи Кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал бахшида ба ин проблема шинос мегарданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар конфронс намояндагони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои байналхалқию ғайриҳукуматӣ ва намояндагони дипломатии мамлакатҳои хориҷӣ ширкат меварзанд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






