МУАРРИФИИ КИТОБИ МАҶИДИ САЛИМ
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, дар Муассисаи давлатии китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар муаррифии китоби нависанда Маҷиди Салим бо номи «Алибоҷ» баргузор гардид. Дар он раиси китобхонаи мазкур Қ.Авғонов роҷеъ ба ҳаёту эҷодиёти Маҷиди Салим сухан ронда, қайд кард, ки эҷодиёти ӯ дар радифи эҷодиёти нависандагони дигари кишвар ғояҳои тарбиявӣ дошта, нависанда бештар ба он таваҷҷӯҳ мекунад, ки насли нави ҷомеаро тавассути китобу китобхонӣ тарбия намояд. Дар доираи муаррифии китоби Маҷиди Салим ҳамзамон, намоиши китоб ва порчаҳо аз барномаи телевизионии «Инсон ва табиат» намоиш дода шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






