МУЛОҚОТИ Э. РАХМОН БО ШОҲЗОДА ГЕРТСОГ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шоҳзода Гертсог Йоркскийро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот ҳолати имрӯза ва роҳҳои густариши муносибатҳои минбаъдаи Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд. «Муносибатҳо бо кишварҳои Аврупо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст», — изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд: «дар доираи ин сиёсат мо ба рушди пайвастаи робитаҳо бо Британияи Кабир манфиатдорем». Густариши ҳамкориҳои сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ бо Тоҷикистон барои Британияи Кабир бисёр муҳим аст», — изҳор дошт дар посух Гертсог Йоркский. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Ҳукумати Британияи Кабир баҳри расондани кӯмак ба кишвари мо дар бартараф намудани оқибатҳои зимистони шадиди гузашта арзи сипос намуд. Ҷонибҳо аз рушди робитаҳои байни ду кишвар дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки имкону захираҳо барои густариши бештари ҳамкориҳо хеле зиёданд. Доир ба ташкил ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика, азхудкунии захираҳои табиӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, туризм ва ғайра гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Ҳамгироиҳои муштарак дар мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кӯмак ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва мубодилаи иттилоот оид ба авзои Афғонистон аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ маънидод гашт. Мусоҳибон ҳамчунин атрофи равобити фарҳангӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ намуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






