МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТИ НОҲИЯИ РАШТ

Октябрь 2, 2008 17:18

          Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ пеш аз ҳама бо собиқадорони меҳнати ноҳияи Рашт во хӯрда, дар симои онҳо бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати иди Фитр муборакбод гуфт.          Сарвари Давлат рӯза ва рӯзадориро аз дидгоҳи дини ислом таълимоти воқеии камолоти равонию маънавии мусулмонон, риёзати ҷисму рӯҳ маънидод кард, ки бо покию озодагӣ, эътиқоду боварӣ, имондорию тақво ва парҳезкорию ибодат, инчунин ҳамдилию ҳамбастагӣ адо мешавад.            Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ мусулмонони Тоҷикистон имконияти бемонеаи иҷрои тамоми фаризаҳои дини мубини исломро доранд ва бо аъмоли неку ҳамида, муносиботи самимию хайрхоҳона баҳри ташхиси ҳақ аз ботил талош мекунанд, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон. Вай афзуд, ки донистани се асл, қабл аз ҳама оятҳои каломи раббонӣ, суннату ҳадисҳои пайғамбар ва фиқхи ҳанафӣ, ки фарзу воҷиб мебошанд, аҳли исломи мамлакати моро боз ҳам муттаҳидтару наздиктар месозанд.           Сарвари давлат таъкид намуд, ки маҳз бо назардошти эътирофи пешвоёни равияҳои ҷаҳрия ва таъдил, ки «… миёни уммати мусулмон аз Абӯҳанифа дида, фарде донотар ёфт намешавад», — соли 2009 — ро ба ифтихори 1310 — солагии пешвои мазҳаби ҳанафӣ Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон кардем ва ҳадафи ниҳоии ин иқдом шинохти асолати ислом, баланд бардоштани дараҷаи маърифату фарҳанги инсонию динӣ, тарбияи насли озодаву солеҳ бо андешаи солиму аъмоли писандида ва ахлоқи ҳамидаи аҳли ҷомеа муҳимтар аз ҳама раҳо кардани мардум аз бори гарони тақлиду таасури хурофот мебошад.           Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кору пайкори Имоми Аъзам намунаи барҷастаи роҳи дуруст,амали хайру саховат ва риояи манфиатҳои фуқарову афроди нотавон мебошад ва бояд таълимоти ин шахсияти машҳур, ки дар ҷаҳони ислом маҳбубияти тамом дорад, мавқеи устувор пайдо намояд. Зеро барои насли имрӯз аҳамияти бузург дорад.           Дар таърихи гузаштаи начандон дури соҳибистиқлолӣ гурӯҳҳои манфиатҷӯи тарғибгари андешаҳои тундрав мардумро ба гирдоби ихтилофоти мафкуравию мазҳабӣ кашиданд, ки оқибати он ба муқовимати мусаллаҳона ва қурбониҳои зиёди молию ҷонӣ, сарсонӣ ва ҳисороти калони иқтисодию бӯҳрони шадиди сиёсию маънавӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон овард ва бешубҳа ин зуҳурот аз сатҳи пасти маърифати динии аҳолӣ сар зад, ибрози назар кард. Эмомалӣ Раҳмон ва ин сабақи талхи таърихро омили таҳкимбахши зиракии сиёсию хӯшёрии зеҳнӣ, ватандӯстию ифтихор аз гузаштаи пурғановати миллат номид.          Андешаҳои саршори меҳанпарастию ваҳдатасоси Сарвари Давлат аз ҷониби ҳозирин ҳамчун ифодаи олии масъулиятшиносию воқеъбинонаи фарзанди фарзонаи миллат, ки дар марҳилаи хеле душвору сарнавиштсоз тақдири халқу Ватанро ба зимма гирифт, арзёбию пазироӣ шуд.          Ҳозирин таъкид карданд, ки маҳз раҳнамоию ҳидоятҳои оқилона, ғамхориҳои пайваста, ниятҳои неку созанда ва миллатдӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон моро ба шоҳроҳи пурбаракати ваҳдати миллӣ мушарраф гардонид ва бо шукргузорию сарфарозӣ пайи амалишавии сиёсати муваффақонаи бунёдкоронаю ваҳдатбори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талоши амиқ, хоҳем кард.  

Октябрь 2, 2008 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад