МУСОБИҚАИ ДАРЁФТИ ҶОМИ МИРЗОВАТАН ҲАСАНАЛИЕВ
Кӯлоб, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Аз 13 октябри соли ҷорӣ бо ибтикори шӯъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо ҷамъияти варзишии иттифоқҳои касабаи шаҳри Кӯлоб дар варзишгоҳи марказии шаҳр мусобиқа оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти ҷоизаи устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ генерал майор Мирзоватан Ҳасаналиев оғоз гардид. Дар мусобиқа беш 150 нафар варзишгарон аз саросари кишвар номнавис гардида, дар вазни аз 45 кг то вазни мутлақ қувваозмоӣ намуданд. Мусобиқаи мазкурро кормандони кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва федератсияи гӯштини миллӣ доварӣ менамоянд. Варзишгарон ташкил намудани чунин чорабиниҳои варзиширо бо хушнудӣ қабул намуданд. Бояд қайд намуд, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷчӯҳи ҳукумат, бахусус Сарвари давлат ба соҳаи варзиш зиёд гардида, барои ҷавонони варзишгар шароити хуби варзишӣ муҳайё шудааст. Варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб дар шумули дигар варзишгоҳҳои кишвар ду сол қабл таъмир шуда буд ва то имрӯз як қатор мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дар он гузаронида шудаанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






