МУСОБИҚОТИ ҚАҲРАМОНИИ ДАСТХОБОНӢ
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мусобиқоти қаҳрамонии мамлакатҳои Осиё дар намуди варзиши дастхобонӣ баргузор гардид. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар он ширкат варзида, соҳиби 12 медал, аз ҷумла се медали тилло , 4 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардид. Варзишгарони тоҷик аз рӯи ҳисоби умумӣ дар ҷадвали мусобиқа ҷои чорумро ишғол намуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки варзишгари тоҷик Акмал Қодиров дар вазни 90 килограм соҳиби 2 медали тилло гардид. Медали тиллои сеюм насиби варзишгар Ҳусейн Қурбонов шуд. Медалҳои дигарро варзишгарон Фарҳод Комилов, Роман Арсимеков, Далер Беков, Парвина Юлдошева, Нигора Гулматова, Мавзуна Бобоҷонова, Амонбой Умрзоқов ва Нодирхон Дориғӣ ба даст оварданд. Ғолибони ин мусобиқа дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ширкат меварзанд, ки аз 29 ноябр то 7 декабр дар Канада баргузор мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






