НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ШАҲРИНАВ

Октябрь 28, 2008 17:10

               Шаҳринав, 28 октябр. ( АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Ноҳияи Шаҳринав торафт ободу зебо мешавад, агар тибқи Барномаи «Рушди иҷтимоӣ- иқтисодии ноҳияи Шаҳринав дар давраи то соли 2015» , ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007 тасдиқ шудааст, сохтмони иншоотҳо дар вакташ шурӯъ ва анҷом ёбад, иброз дошт раиси ноҳия Раҳматуллои Пӯлод дар ҷараёни нишасти матбуотӣ , ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ҷо баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ муовинони раис, раисони ҷамоатҳо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳузур доштанд.               Дар ҷамъбасти 9- моҳа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1902,3 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 539,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Корхонаи Орди Шаҳринав, Ҷамъияти матлубот истеҳсоли орду маҳсулотҳои нониро зиёд намуда, барои таъмини амнияти озуқаворӣ, зиёд намудани истеҳсоли молҳои талаботи ниёзи мардум, тадбирҳои судманд андешидаанд. Истеҳсоли орд дар корхонаи «Орди Шаҳринав» дар 9 моҳи соли равон 6000 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1886 тонна зиёд ё худ 145% мебошад.               Корхонаи пахтатозакунии Чептура дар 9 моҳи соли равон 204 тонна нахи пахта, 348 тонна чигит, 9 тонна линт коркард карда, ҳаҷми истеҳсоли молҳои истеъмолӣ то ба 669,4 сомони расонид.               Масъалаи ободони, сохтмони иншоотҳои замонавӣ, бо оби ошомидани таъмин намудани аҳолӣ ҳамеша дар маркази диққати роҳбарият аст. Дар шаҳраки Шаҳринав ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ177 м қубурҳои обгузар хобонида шуд. Ба маблағи 8200 сомонӣ дар шаҳраки Октябр як насоси обкаши таъмиру ба кор дароварда шуд. Барои ба барқ таъмин кардани сохтмони иншоотҳои барномаи рушд ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ трансформатори тавоноиаш 250 кВТ шинонида шуд.

Октябрь 28, 2008 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид