НИШАСТИ МАТБУОТИИ НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД

Октябрь 29, 2008 09:18

              Мӯъминобод, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов). — 24 октябр дар ноҳияи Мӯъминобод бо иштироки хабарнигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.               Раиси ноҳияи мазкур Сафаралӣ Зокиров доир ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар давоми нӯҳ моҳи соли равон маълумот дода, зикр кард, ки дар ин давра нақшаи андоз ба ҷои 1 миллиону 374 ҳазору 403 сомонии пешбинигардида 1 милиону 498 ҳазору 951 сомонӣ ё 109 фоиз иҷро шуд, ки нисбат ба нақша 124 ҳазору 548 сомонӣ зиёд аст. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ ва соҳибкории хурду миёна аз тарафи бонкҳои ноҳия ба маблағи 4 милиону 802 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардид, ки ба беҳтар шудани фаъолити соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқи ноҳия мусоидат менамояд. Тӯли нӯҳ моҳи соли равон дар ноҳия нишондодҳои дурнамои маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи мардум, аз қабили гӯшт — 3194 тонна, шир — 6526 тонна, пашм — 254 тонна ва тухм — 991 ҳазор истеҳсол карда шуд.                Таҳрири Б.Эгамов 

Октябрь 29, 2008 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид