НОБОВАРӢ ДАР ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА

Октябрь 24, 2008 11:16

           Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар вилояти Хатлон то 24 октябр 226 ҳазору 986 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки ин баробари 68, 4 фоизи дурнамои истеҳсоли пахтаи вилоятро ташкил медиҳад.           Рӯзи 20 октябр ба ҷуз ноҳияҳои Сарбанд, Кӯлоб ва Бохтар, ки мутаносибан ба андозаи 1,4, -1,1, ва 1 фоиз пахта чида шудааст, дар боқимонда 15 ноҳияи вилоят ба андозаи 0,3, — 0,4, ва 0,5 фоиз пахта ҷамъоварӣ гардид,ки миқдори умумии пахтаи чидашуда дар як рӯз 2070 тоннаро ташкил дод.           Дар сурати ҷамъоварии ҳаррӯзаи 2 ҳазор — 2 ҳазору 500 тонна ҳам, бари иҷрои ҷамъоварии 331 ҳазору 900 тонна пахтаи вилоят камаш боз 60 рӯзи тақвимӣ зарур аст, ки ин дар иҷрои ҷамъоварии пурраи пахта нобовариро ба вуҷуд меорад.  

Октябрь 24, 2008 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид