НОМУВОФИҚАТИИ МАБЛАҒИ ҶУДОШУДА
Душанбе, 6 октябр.(АМИТ «Ховар». Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти муовини аввали вазири кишоварзӣ Султон Валиев, маблағҳои ҷудошуда ба ҳар гектар замини пахта то моҳи июли соли ҷорӣ дар вилояти Суғд-573 сомонӣ дар вилояти Хатлон-784 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 263 сомониро ташкил дод, ки ба меъёри пешниҳоднамудаи Вазорати кишоварзӣ мувофиқат намекунад. Зикр намудан ба маврид аст, ки мувофиқи ҳисоби мутахассисони вазорат дар асоси харитаи технологӣ, барои харидории тухмӣ, сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, равғанҳои молиданӣ, нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо, пардохти музди меҳнат ва хизматрасонии об сарфи 2140 сомонӣ- (баробари 620 доллари ИМА) ба 1 гектар пешниҳод карда шудааст, ки он амалан иҷро нашуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






