ОМОДАГӢ БА МУҚОБИЛИ ҲАШАРОТИ ЗАРАРРАСОН
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзӣ омодагӣ барои соли 2009 хеле хуб аст. Заминаи техникии корхона беҳтар карда шуд. Ба ҳисоби корхона 17 трактори МТЗ-82, 2 автомашинаи УАЗ-469, 6 дастгоҳи дорупошии ОВХ ва 5 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Боиси зикр аст, ки дар соли 2008 хавфи зарари ба зироатҳои кишоварзӣ расонидани ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малах пешгирӣ гардид,- иброз доштанд дар Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба корхонаи мазкур 4,5 млн. сомонӣ ҷудо гардид. Бо мақсади пешгирии паҳншавии ҳашароти зараррасон дар Вазорати кишоварзӣ ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






