ОЁ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҲАМА ҶО РИОЯ МЕГАРДАД?
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).- Шумораи нахустини маҷаллаи навтаъсиси «Ҳуқуқи инсон» аз чоп баромад. Муассиси он Ташкилоти ҷамъиятии Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва аснод оид ба ҳуқуқи инсон мебошад. Доир ба зарурати интишори ин маҷалла, сармуҳаррири он Самиюлло Сайфуллоев дар паёми хеш ба хонандагон аз ҷумла зикр намудааст: « Оё ҳуқуқҳои инсон дар ҳама ҷо комилан риоя мегарданд ва таъмин карда мешаванд? Мутаассифона ба ин савол ҷавоби ягона ва мутлақ додан душвор аст. Аввалан, риоя ва таъмини ҳуқуқҳои инсон ба сохти давлату давлатдорӣ ва режими сиёсии дар ин ё он мамлакат ҳукмрон сахт вобаста мебошад. Сониян, риоя, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки одамон аз ҳуқуқу озодиҳои худ то чӣ андоза огоҳу бохабаранд ва ҳамзамон ҳуқуқу озодиҳои одамони дигарро ба кадом андоза риоя ва эҳтиром мекунанд» Дар шумораи нахустини маҷалла оид ба Ташкилоти ҷамъиятии Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва аснод оид ба ҳуқуқи инсон маълумот дода шудааст. Ҳамзамон матни пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба забонҳои тоҷикӣ ва руссӣ дарҷ гардидаст. Дар саҳифаҳои минбаъдаи маҷалла ҳуқуқшиносон ва мутахассисон доир ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон андешаронӣ кардаанд. Барои хонандагон дар охири маҷалла тақвими ҳуқуқи инсон пешкаш шудааст. Маҷаллаи «Ҳуқуқи инсон» бо теъдоди се ҳазор нусха чоп шуда, ба таври ройгон паҳн карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид






