ПОЙАФЗОЛ БО СИФАТИ ИТОЛИЯВӢ
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директори генералии корхонаи масъулияташ маҳдуди «Ёқут-20002» Абдуҳалим Қодиров, омодагӣ ба таъсиси сехи нави пойафзолбарорӣ,ки дар ҷумҳурӣ аз байн рафтааст, оғоз гардид. Алҳол дар корхонаи мазкур, даҳҳо навъи маҳсулот бо технологияи хориҷӣ истеҳсол мегардад, ки талабот ба онҳо хеле зиёд аст. Корхона бо ширкатҳои машҳури Ҷумҳурии Мардумии Чин, Гонконг, Дубай ҳамкориро ба роҳ мондааст. Акнун ки корхона нияти таъсиси сехи пойафзолро дорад, бо ширкатҳои машҳури истеҳсолкунандаи пойафзоли Италия ва Чехия шартномаҳои ҳамкорӣ бастанист. Он рӯз дер нест, ки пойафзолҳои истеҳсолкардаи корхона бо намуди италиявӣ ва нишони «Ёқут- 2000» нафақат дастраси сокинони ҷумҳурӣ, балки мавриди содирот ба давлатҳои хориҷ низ қарор меёбад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






