ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРӢ ДАР МИНТАҚАИ РАШТ

Октябрь 2, 2008 16:41

      Субҳи имрӯз 2 окятбри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо ҷараёни рушди иҷтимоию иқтисодӣ, рафти ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқонон, ташкили кишти тирамоҳӣ, ҳамчунин мулоқоту сӯҳбатҳои бевосита бо мардуми деҳот бо сафари корӣ ба гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт ташриф овард. Бояд таъкид кард, ки эҳтиёҷоти аҳолии деҳот, пеш аз ҳама деҳоти кӯҳистон пайваста зери назар ва ғамхории Сарвати давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин кор, хусусан дар шароити солҳои охир, ки болоравии нархи сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ дар бозори ҷаҳон таъсири худро ба рӯзгори ҳар сокини кишвари мо низ расондааст, аҳамияти хоса касб мекунад. Боздиди кории сарвари давлат аз маркази ноҳияи Рашт оғоз ёфт.       Дар фурудгоҳи ноҳия Сарвару раҳнамои давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мушовири давлатии Президент оид ба сиёсати кадрҳо Абдуҷаббор Азизов, раиси ноҳия Маҳмадшариф Толибов ва намояндагони аҳли ҷамоати ноҳия бо эҳтирому самимият ва шукргузории хоса аз сиёсати раиятпарвариааш истиқбол гирифтанд Аз ин ҷо Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Манзар Шарифи ноҳияи Рашт ташриф оварда, дар оғози кишти тирамоҳии гандум ширкат варзид. Эмомалӣ Раҳмон ва пирони рӯзгордидаи деҳа бо дуою фотиҳаи нек ба замин нахустин донаҳои умедро кошта, ба кишти тирамоҳии имсола дар ин хоҷагӣ оғози расмӣ бахшиданд. Шиносоӣ бо рафти сохтмони бинои филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ дар ноҳияи Рашт низ яке аз ҳадафҳои муҳими боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия аст. Зеро ба кор даромадани он дар бартараф намудани норасоии омӯзгорон дар ин минтақа аҳамияти калон дорад. Ин яке аз мушкилоти асосӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, хусусан дар деҳоти кӯҳистон ба шумор меравад.       Сарвари давлат Эмоаалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ барои босуръату сифати баланд анҷом додани сохтмон ва таҷҳизонидани бинои таълимӣ ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки ин иншоот то моҳи сентябри соли оянда, яъне як сол пеш аз мӯҳлат ба истифода дода шавад. Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз мактаби таҳсилоти хамагонии рақами 1 – и ҷамоати деҳоти Ғарм гувоҳи ғамхории пайвастаи роҳбари давлат ба таълиму тарбияи дурусти насли наврас мебошад. Зимни сӯҳбатҳо дар мактаб зикр шуд, ки имсол аз 55 дастпарвари мактаб 24 нафар ба мактабҳои олии кишвар дохил шуд. Дар ҷараёни сӯҳбатҳои фораму дилнишин бо талабагони мактаб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ширинзабонии хурдсолон ҳаловат бурда, ҳамаи талабагонро ба хониши хубу аъло ва аз бар кардани илмҳои замона ҳидоят намуда, ба омӯзгорони мактаб барои савияи хуби дониши муҳассилин арзи сипос кард.       Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шӯъбаи минтақавии бемориҳои дили бемористони марказии ноҳияи Рашт расман ба истифода дода шуд. Зимни шиносоӣ маълум шуд, ки ин бино дар муддати кӯтоҳ бо дастгирии молиявии Сарвари давлат сохта ва бо техникаю таҷҳизоти навтарини ташхис ва муоинаю муолиҷаи бемориҳои дил таъмин карда шудааст. Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии «Наимӣ» — и ҷамоати деҳоти Навдеҳ ташриф оварда, шоҳиди ҳосили фаровони картошка гашт.       Деҳқонони хоҷагӣ ният доранд, ки аз ҳар гектар 420 сентнерӣ ҳосил гиранд. Дар чойхонаи «Болои об» — и маркази ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди собиқадорони меҳнат ва ветеранҳои ҷанг, ки имрӯз ҳам сарфи назар аз пирию барҷомондагӣ дар таълиму тарбияи насли наврас нақши намоён мегузоранд, сӯҳбати гуворою дилнишин орост. Байни онҳо роҷеъ ба мавзӯъҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, ҷараёни татбиқи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Сардори давлат барои истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корам ва рӯёнидани ҳосили фаровони зироат, танзими анъана ва расму оинҳои серхароҷот, инчунин дар бораи натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню – Йорки ИМА, ки баҳри болобарии нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим дошт, сӯҳбатҳои ҷолибу хотирмон сурат гирифт.         Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Октябрь 2, 2008 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад