РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ КАМ КАРДАНИ ХАВФИ ФАЛОКАТҲОИ ТАБИӢ
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии кам кардани хавфи фалокатҳои табиӣ таҷлил карда мешавад. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз соли 2007 сар карда, бо кӯмаки Комиссияи Аврупо нақшаҳои эҳтиётии андешидани тадбирҳои заруриро дар мавриди рух додани фалокат дар ҳар мамлакат ва барои тамоми минтақа тартиб дод. Мувофиқи нақшаи мазкур дар ҳар мамлакат дастаҳои зудамал ташкил карда шуданд. Ин дастаҳо дар мавриди зарурат ба зарардидагон кӯмак мерасонанд. Илова бар ин бо мақсади омӯхтани малакаю таҷрибаи амалиёт дар мавриди фалокатҳои табиӣ дар байни аҳолӣ мунтазам машқҳо гузаронида, маълумотномаҳо нашр карда шуданд. Дар ин муддат дар Тоҷикистон қариб 800 нафар ёрдамчиёни ихтиёрӣ тайёр карда шуд. Аз ин ҷумла 48 нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, 144 нафар кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва 565 нафар роҳбарони ҷамоатҳо мебошанд. Дар баробари ин 26 тренер тайёр карда шуд, ки ба зарардидагони фалокатҳои табиӣ кӯмаки рӯҳию психологӣ мерасонад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






