РӮЗИ ФАЛАКСАРОЁН

Октябрь 10, 2008 14:53

           Тибқи Фармони Президенти ҷумҳурӣ аз 8 — уми моҳи августи соли 2007 ҳар сол 10-уми моҳи октябр рӯзи фалак эълон карда шудааст. Дар  ВМКБ низ  тибқи  ин чорабинӣ барномаи махсус доир мегардад. Тавре сардори идораи Раёсати фарҳанги ВМКБ Муҳиддин Пайшанбиев  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, мувофиқи нақша — чорабинии махсуси Раёсати фарҳанги  вилоят, соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии вилоят озмуни фалаксароёнро доир намуд ва имрӯз, дар Рӯзи фалак дар шаҳри Хоруғ  ғолибони озмун ширкат варзиданд.                Рӯзи фалак дар толори калони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид. Ҳунармандон бо Барномаи вижагии фарҳангӣ баромад карданд. Ба ҳозирин махсусан баромади Раҳмони Қанд аз Дарвоз, Р. Амоншоев аз Роштқалъа, Т.Сиддиқова аз шаҳри Хоруғ, А.Пояндашоев аз ноҳияи Шуғнон, Г.Амирхонов ва Т. Амонбеков аз ноҳияи Ишкошим хеле писанд омад.

Октябрь 10, 2008 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид