РАЗАВИ МУДИРИ НАВИ ИМДОД ДАР ТОҶИКИСТОН

Октябрь 31, 2008 11:36

               Душанбе, 31 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Сайид Ҷаводи Разавӣ мудири нави намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати ду сол таъин гардид. Ба ин муносибат дар Душанбе маросими муаррифии мудири нави Кумитаи мазкур баргузор шуд, ки дар он дар қатори намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон намояндаи мақоми муаззами раҳбарии Эрон дар Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ, раиси Шӯрои марказии ин созмон Ҳабибуллоҳ Аскаравлодӣ, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғар Амир Шеърдӯст иштирок намуда, роҷеъ ба фаъолияти намояндагии ин Кумита ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон ибрози назар карданд.              Намояндагии Кумитаи мазкур 14 сол аст, ки дар Тоҷикистон фаъолият дошта, ба зиёда аз 14 ҳазор нафар оилаҳои камбизоати ҷумҳурӣ дар бахшҳои гуногун кӯмак мерасонад. Инчунин, дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Хоруғ, Ваҳдат, ноҳияҳои Нуробод, Рашт намояндагӣ ва марказҳои омӯзишии дӯзандагиро ифтитоҳ кардааст, ки дар як сол ин марказҳои омӯзиширо беш аз 1400 нафар занону духтарони маҳаллии тоҷик хатм намуда, соҳиби шуғли муайян мегарданд.               Қаблан роҳбарии намояндагии Кумитаи мазкурро дар Тоҷикистон Сайид Ҳомид Азимӣ ба ӯҳда дошт.

Октябрь 31, 2008 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид