РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН ҲАҶМИ БОРКАШОНИРО МЕАФЗОЯД
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ«Ховар», Марзия Саидова).-Дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми боркашонӣ дар ҷумҳурӣ тавассути роҳи оҳан 10 миллиону 683 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли гузашта 23 ҳазор тонна зиёд мебошад, гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон муовини аввали сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов. Мавсуф роҷеъ ба пешрафти фаъолияти корхона ва нақшаҳои минбаъдаи он ибрози назар карда, афзуд, ки алҳол аз ҷумҳурӣ қатораҳои мусофирбар ба самти Федератсияи Русия, аз ҷумла қатораҳои мусофирбари самти «Душанбе- Москва» ҳафтае 4 маротиба, «Кӯлоб-Москва» ҳафтае 2 маротиба ва «Хуҷанд -Саратов» ҳафтае се маротиба ҳаракат мекунанд. Дар дохили ҷумҳурӣ бошад қатораҳои мусофирбари «Душанбе-Конибодом» ҳафтае ду маротиба, «Қӯрғонтеппа- Конибодом» ва «Қӯрғонтеппа -Кӯлоб» дар як ҳафта як маротиба ва ба самти «Душанбе- Пахтаобод» ҳар рӯз дар ҳаракат аст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






