РУШДИ СОҲАИ ИҚТИСОДИЁТ ГУСТАРИШ МЕЁБАД

Октябрь 24, 2008 12:36

             Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ҳаҷми умумии хароҷотҳои буҷети давлатӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ба 3 миллиарду 427,8 миллион сомонӣ баробар шуда, маблағгузории он 90 фоиз таъмин гардид. Андозаи он нисбати Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 27,7 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 фоиз зиёд аст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов.            Ҳамчунин зикр гардид, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз буҷети давлатӣ 1110 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба соҳаи маориф 483,4 миллион сомонӣ, тандурустӣ 178,7 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа 341,9 миллион сомонӣ ва барои чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ ва солимгардонӣ 92,3 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 315 миллион сомонӣ зиёд мебошад.             Барои дастгирии сохтмони иншооти энергетикӣ, сохтмон ва барқарорсозии роҳҳои нақлиёти автомобилӣ, дастгирии соҳаи кишоварзӣ, бехатарии озуқаворӣ, соҳибкорони хурду миёна дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 1400 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Октябрь 24, 2008 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид