РУШДИ СОҲАИ ПАРРАНДАПАРВАРӢ
Душанбе, 28 октябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти сардори Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ Музаффар Мирзоев Ҳукумати ҷумҳуриӣ барои рушди соҳаи паррандапарварӣ «Барномаи рушди соҳа барои солҳои 2006-2015» — ро қабул намуд, ки барои амалӣ шудани он аз сармояи ватанию хориҷӣ истифода мешавад. Шумораи парранда дар соли равон нисбат ба ҳамин авраи соли 2007 ба миқдор 895 ҳазор сар зиёд гардид. Айни замон дар ҷумҳурӣ 16 корхонаи паррандапарварӣ ва хоҷагиҳои алоҳидаи соҳа фаъолият доранд, ки дар онҳо 3 миллиону 423 ҳазор сар парранда парвариш меёбад. Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ бештар аз 76 миллион дона тухм истеҳсол карда шудааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






