С. МИРОНОВ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД
Душанбе, 21 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 23 октябр Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федаралии Федератсияи Русия Сергей Миронов бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд. Вай дар Формуи сеюми байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия: нерӯи ҳамкориҳои байниминтақавӣ», ки рӯзҳои 24 -25 октябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор мегардад, ширкат менамояд. Тибқи барномаи сафари расмӣ Сергей Миронов ҳамчун рамзи эҳтиром ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон шоҳ -Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад. Ҳамчунин, раиси палатаи болоии парлумони Русия бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев ва Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов мулоқот менамояд. Дар назар аст, ки масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва иҷтимоии Тоҷиикистону Русия дар маркази диққати мусоҳибон қарор мегиранд. Инчунин, ӯ дар Форуми байнипарлумонӣ бо маърӯза баромад мекунад. С. Миронов дар чорабинии фарҳангии «Шоми дӯстӣ», ки дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ баргузор мешавад, ширкат менамояд. Раиси палатаи болоии парлумони Русия субҳи 25 октябр бо ҳамроҳони худ ба вилояти Суғд рафта, дар идомаи кори Форуми сеюми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия иштирок мекунад. Мавсуф дар толори намоишгоҳи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд бо дастовардҳои меҳнатии мардуми вилоят ва барномаҳои инвеститсионии он шинос гардида, аз Қасри фарҳангии «Арбоб» ва осорхонаи таърихии вилоят дидан менамояд. Дар доираи сафари Сергей Миронов ба вилояти Суғд дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистону Русия барномаи консертӣ доир хоҳад гашт.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






