САҲА БА ГТММ ТАҶҲИЗОТ ТАҚДИМ КАРД
Душанбе 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова). — Аз ҷониби Созмони аҳдномаи ҳамкории Аврупо (САҲА) ба Вазорати корҳои дохилаи ҷумҳурӣ таҷҳизоти техникии махсуси безараргардонии моддаҳои тарканда тақдим карда шуд, ки ин таҷҳизот пуриқтидор буда, тариқи он амалиётҳои зиёди безараргардонии маводҳои гуногуни таркандаро гузаронидан мумкин аст. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими супоридани таҷҳизоти мазкур ба гурӯҳи таъиноти махсуси милитсияи ВКД вазири корҳои дохилии мамлакат Маҳмадназар Солиев ва сардори САҲА дар Тоҷикистон Владимир Пряхин иштирок намуданд. Владимир Пряхин иттилоъ дод, ки ин таҷҳизот беш аз 100 ҳазор евро арзиш дошта, ба Тоҷикистон овардани ин таҷҳизот аз ҷониби Ҷумҳурии Норвегия маблағгузорӣ шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






