САБАБИ АСОСИИ БУҲРОНИ МОЛИЯВИИ ҶАҲОНИ
Душанбе, 27 октября. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз тамоми ҷомеаро ба ташвиш андохтааст, ин бӯҳрони молиявӣ мебошад, ки дар айни ҳол таъсири он ба бозори молиявӣ, системаи пулию қарзӣ ва андозу буҷет нарасидааст, — иброз дошт вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов зимни нишасти матбуотӣ. Ҳамчунин қайд гардид, ки барои пешгирии бӯҳрони молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи муайян нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ба монанди таваррум, қурби мубодилаи асъор, хизматрасонии бонкӣ, сатҳи ҷамъоварии андозҳо, раванди афзоиши хароҷотӣ давлатӣ бо мақсади таъмини мӯътадилӣ ва устуворӣ амалӣ шуда истодааст. Сабаби асосии бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ афзоиши шумораи қоғазҳои қимматнок ва қарзҳои импотекӣ мебошад, ки имрӯз ин бозори молӣ ва қарзҳои импотекӣ дар ҷумҳурии мо маъмул нест. Аз рӯи иттилои вазири молия, дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози вазирони молияи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гашта, маълум гардид, ки кишварҳои ҳамсоя — Ӯзбекистону Қирғизистону Туркманистон низ аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ҳеҷ осебе надидаанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






