САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Октябрь 13, 2008 15:10

              Душанбе,13 октябр.( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Субҳи рӯзи 11 октябр ҷиҳати шиносоӣ рафти кишти тирамоҳӣ Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии кооперативии истеҳсолии «Сомонҷон» — и ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара ташриф овард. Сардори давлатро деҳқонон, раисони ҷамоатҳо, сардорони хоҷагиҳои тухмипарварӣ, раисони ноҳияҳо, сардорони идораҳои кишоварзӣ, кумитаҳои заминсозии шаҳру ноҳияҳо, сардорони хоҷагии оби вилоят пазироӣ намуданд. Сараввал иштирокчиёни ин ҷамъомад аз рафти кишти тирамоҳӣ дар хоҷагии номбурда, шинос шуданд.              Имсол ба гуфти муовини аввали раиси вилояти Хатлон Абдураҳмон Қодирӣ кишти тирамоҳӣ дар вилоят нисбат ба соли 2007 як моҳ пештар оғоз ёфт. Дар хоҷагии истеҳсолии «Сомонҷон», ки семинарии вилоятӣ дар ин ҷо баргузор мегардад, дар майдони 50 гектар кишти тирамоҳии гандуми навъҳои «Ласточка» ва «Краснодар» гузаронида шуда, пурра обёрӣ гардидааст. Дар ин масоҳат аллакай гандум рӯи заминро пӯшонидааст. Дар тарафи рости ҳамин қитъаи замин майдони 20 гектараи кишти сабзӣ, карам ва шалғам диққати иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд, ки он натиҷаи кишти такрорӣ аст, ки бо тавсия ва дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шудааст. Хоҷагии номбурда дар ихтиёри худ наздик ба ду ҳазор гектар замин дорад. Иштирокчиёни семинари вилоятӣ баъди тамошои кишти такрорӣ аз боғи ангури ин хоҷагӣ дидан карданд, ки дар масоҳати 210 гектар гузаронида шудааст. Иштирокчиёни ин чорабинӣ ҳамчунин боғи нави зардолуи қандакро, ки дар майдони 90 гектар бунёд ёфтааст, дидан намуданд. Иштирокчиёни семинар бо ҳамроҳи Сарвари давлат ба майдони 500 гектарае, ки барои кишти гандум тахту ҳамвор карда шудааст гузашта, бо дуои пирони кор Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як каф гандумро рӯи замин пошида, бо ҳамин ба кишти тирамоҳии ин қитъаи хоҷагӣ оғози расмӣ бахшид.Боиси ёдоварист, ки соли ҷорӣ кишти баҳорӣ дар ноҳияи Данғара оғоз шуда буд.             Дар семинари ҷамъбастии вилоятӣ, ки бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳман баргузор шуд, раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов аз кору фаъолияти хаҷагиҳои деҳқонӣ, фермерҳо, чорводорону боғдорон муфассал маълумот дода, сипас олимон, сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ, раисони ноҳияҳо аз бурду бохти корҳо дар соли равон ҳарф заданд. Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон семинарро ҷамъбаст намуд.Ногуфта намонад, ки ноҳияи Данғара дар замони Шӯравӣ бо истеҳсоли гандум шӯҳратёр буд.             Бо дастуру ҳидояти нави Савари давлат ноҳия дар оядаи наздик баробари ғаллакорӣ ба яке аз ноҳияҳои калонтарини бағдорию сабзавоткорӣ, човодорию пахтакорӣ табдил дода хоҳад шуд. Бо супориши Сарвари давлат кишти зироатҳои тирамоҳӣ, аз ҷумла кишти гандум, пиёзи тирамоҳӣ, сирпиёз ва сабзӣ зиёд кардашуда, содироти ин намуди маҳсулот ба хориҷи кишвар ба роҳ монда мешавад. Махсусан талаботи кишварҳои хориҷ ба пиёзи барвақтӣ ва сирпиёз зиёд аст, — иброз дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамин рӯзҳо дар Федератсияи Руссия як дона сирпиёз бо нархи 140 рубли русӣ харидорӣ мешавад. Пас зарур аст, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативӣ ва хоҷагиҳои шахсӣ талаботи кишварҳои хориҷро ба назар гирифта, истеҳсоли даҳҳо ҳазор тонна ин навъи маҳсулотро ба роҳ монанд ва манфиат ёбанд, — афзуд Президент дар суханронии худ дар ин ҷамъомад. Бо дастуру ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ дар соли 2009 ҳам кишти такрорӣ давом дода мешавад, зеро кишти такрории имсола нишон дод, ки ба даст овардани ҳосили иловагӣ ба кишти баҳорӣ фақат ба манфиати кор аст.Дастуру ҳидоятҳои нави Сарвари давлат аз ҷониби иштирокдорони семинари вилоятии вилояти Хатлон хуб пазироӣ гардид ва онҳо барои дар оянда амалӣ шудани дастурҳои нави президент аз ҳамаи тадбирҳо истифода мекунад .

Октябрь 13, 2008 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад